Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Тойиси Онаниюси отинӣ намерасид. Искандар хеле мехост, ки Тойиси сияҳчардайи боҳунар маҳорати ҳарбийи низомиёни ўро бубинад ва худ аз худ майл сўйи шоҳ оварад ва донад, ки сарбозони хафтону зиреҳу ҷавшанпўш, хўдбасар, найзабадаст чолоктар аз ўянд дар ҳунари хеш. Сипоҳиён чаҳорафзор буданд, чунон ки ҳангоми набард.
Ду талояйи рўёрў бурун омаданд аз қалбгоҳ ва бойист синон зананд бар ҳамдигар. Радайи аввал бар радайи аввали «душман»
синон мезаданд ва сипарҳо зарбагардон мешуданд ва радаҳойи дуввум пеш мегузаштанду синон меандохтанд ва ҳамчунон то қатори охирин. Ҳунари беҳамто доштанд эшон.
Саворон омаданд ба майдон. Асбонашон пўшида або баргустувон. Чунон шамшерзанӣ доштанд, ки ҳама кину ғазаб ва нафрат бар сари якдигар фурў мерехта бошанд. Искандар мушоҳида мекард ва ҳунари ҳар сарбозу савора зери назар дошт, то кадомеро ба фавҷи шоҳӣ бипазирад... Садойи чак-чаки шамшерҳо, овози ба сипарҳо бархўрдани найзаҳо боло мешуд ва фазо гардолуд аз ғубори суми асбон.
Як марди солхўрда ва як санами печида ба дебойи чинӣ роҳрави тамошогоҳро зина ба зина боло шуда, сўйи шаҳнишин меомаданд.
Искандар шинохт Онаниюси тоҷирро ва яқин кард, ки пардапўш Тойис бувад. Ў оварда ба тамошогоҳ падарро ба тахмини шоҳи ҷавон, вале бехабар аз он ки тоҷири пир чӣ майле дорад сўйи модари ў.
Олимпиада, ки то ҳанўз рағбати чунин тамошо надошт, баробари шинохтани Онаниюс гардани дароз ёзида, ҳар қадами зина ба зина боло шудайи ўро мушоҳида мекард ва андар лабонаш табассум медамид, ки тоҷири пир бо чӣ ҳавасу ҳавсала зина ба зина меравад. Чун гаштаву баргашта чашм мечаронад сўйи эшон, Олимпиада яқин дорад ўро ҷўяд, на шоҳро.
Вале Тойиси хушандом ба гомзанийи пиронайи падар эътиборе надода, чун куррайи маст бо кишнаву ишва меравад ва аз зери ҳарири тўршакли сиёҳ чашмони шўхаш чашмони зебойи Искандарро меҷўяд. Искандари зиреҳмўйи ажриқичашм гардан фароз дошта ба назар корномайи ҷанговаронро тамошо мекунад, дар асл гардан ёзидани ў аз баройи Тойиси нозанин бувад, то як бори дигар пайкари наҳифи ўро тамошо кунад. Камари борик ва чун думбайи мўр каворайи бардамидайи нозанинро бинад ва бори дигар ба ваҷду шавқ ояд, ҳавасаш зиёд гардад ба чунин эҳдойи табиат. Як чашми Искандар ба Тойис ва чашми дигараш ба таковаргоҳ аст.
Онаниюс хастагиро баҳона оварда бозистод ва чашм чаронд, то ҷойи нишасташ муайян гардад, ки назди шоҳ маъво гирад ё назди Олимпиада. Зеро тоҷир бо он халтачайи чармийи бар пояйи маснад гузоштааш аллакай баройи хеш ҷой муайян карда буд андар боргоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо