Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Юнониён паймон карданд, ки ба ҷанги зидди Порс бо мақдуниён ҳамдилу ҳампову ҳамсилоҳ бошанд... Чун Искандарро пешвойи юнониён хонданд ва подшоҳи давлати Мақдуниву Юнон андар нимҷазирайи Балкан донистанд, шоҳи ҷавон биболид бо хеш, волаву шайдойи бахту тахт шуд. Шоҳи фарруху фархундапай гуфтандаш, аврангзеб ситудандаш, инондори арзандайи империяйи бузург шумурдандаш. Искандар ифтихор дошт аз бахти баланд ва з-он ки шўру ошўби элладиёну юнониёнро осон пахш кард, аз нав империяйи сохтайи падарро андар тасарруфи хеш даровард; қойил шуд ба нерўву усули ҷанги хеш. Пиндорад, ки то зинда аст, дигар андар ин музофот шўру балво барнахезад... Дар ҷону равонаш хурўше пайдо гашта буд, осудааш намегузошт. Шоҳи ҷавони тунду тезхун дар пўсти худ, дар пироҳан, андар хонадону Пелла ва дар Мақдуниёву Юнон намеғунҷид. Хаёлаш: сафар кунад, биҷангад, кайҳон бинаду ҷаҳон зери пой гузорад. Аз ин рў бадар рафтанист аз худу аз кишвар. Баройи чунин рой беҳтарин восита нақшайи падар аст: юриши Порс.
Вале «бародарони» худӣ андар шимоли Мақдуниё халалгар шуданд ин нақшаро. Наҳзати эшон нобаҳангом буд баройи шоҳи ҷавон. Искандар нав ошўби юнониёнро фурў нишонда, омода мегашт ба сафари Порс. Кирм бархост аз бадани худ. Шўру шарари қабилаву тойифаҳойи шимолийи мулк – фракиён ва иллириҳо пурандеша сохт Искандарро. Баҳор, ки дашту даману кўҳу талҳоро махмалину сабзқабо гардонида буд, «барбарҳо» аз хуни мақдуниён лоларанг карданӣ шуданд ин манзараро. Искандари адолатшиор имкон надод ба чунин кор. Чунон ки дар Юнон карда буд, роҳи оштӣ ҷуст. Барбарҳо чун юнониён валиаҳди бистсоларо кўдак пиндошта, сар кашиданд аз итоат. Шоҳи навҷулуси камдори бисёрхоҳ, ки кайҳон барояш танг буд, ба хашм омад аз кирдори қабилаву тойифаҳойи бефарҳанг ва шўрид чу паланг.
Шоҳи шабрав зиёда аз даҳ шаборўз роҳ сипард ҷониби кўҳи Гема. Дар домани кўҳ хайма заду нафас рост кард ва мадад хосту сипоҳу киштӣ аз Юнон, то дилпур бошад андар набарди кўҳистониён.
Чун мақдуниён ногаҳон ҳозир гаштанд андар Фракия «барбарҳойи» трибаллӣ ва кўҳистониёни озоди одриссӣ паноҳ бурданд андар фавқи кўҳи Гема ва дар гузаргоҳҳойи танги он дидбонҳо гузоштанд. Барбарҳо нерўву ёройи ҷанги рўёрўро надоштанд, ба ҳиллаву найранг пардохтанд: бо шиканҷа бар қуллайи кўҳ гардунаҳойи ҷангиву маргбори зиёде бароварданд, то паноҳгоҳ бишавад ва ҳам ба ҷойи силоҳ хидмат бикунад. Омода гаштанд ба пархош. Нақша доштанд, ки чун душман гирду ғун шуда ояд, аз тор бар сарашон гардунаҳоро биронанд, то эшон бар чархҳойи теғдори гардунаҳойи ҷангӣ дучор гашта бимиранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё