Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Дидбон тавозўъ карду бар асби тезтак нишаст ва гарди заминро бароварда назди фиристодагон бишуд. Гурўҳи хурди юнониён дуртар аз пардасаройи шоҳи Мақдуниё бозистоданд ва ду тан пеш омада, зер шуданд аз асбон ва чун ҳама фиристодагони таълимдида одобу русум ба ҷо оварданд:
— Дурўду паём ба шоҳи азимушшаъни мақдунӣ аз мардуми Отин ва саросари Юнон!
— Шодбош мегўем юнониёнро!
— Равшан бод шоҳро, ки мардуми Отин сари ҷанг надоранд бо мақдуниён!
12 Чунин фармуд савори наванд ва пеш омада наварде бидод Искандарро. Шоҳи ҷавон боз кард номаро ва чун огаҳ буд аз лисони юнонӣ, бихонд: «Маълум бод шоҳи ҷавонбахт Искандари Мақдунӣ, пури Файлақусро! Юнониён сари ҷанг надоранд бо мақдуниён. Аҳдномайи Коринф, ки бо падари шоҳи ҷавонбахт Файлақуси II юнониён баста буданд, аз эътибор соқит нашуда. Агар зарурате пеш ояд, юнониён ҳозиранд, то бори дигар бо мақдуниён созиш кунанд, бо шоҳи фаррухпай паймон бубанданд...»
Номаву наванд бар муроди шоҳи ҷавон омада буд... Элладиён Искандарро сарвари хеш хонданд ва товони ҷанг бипардохтанд.
Акнун шоҳи мақдунӣ мехост, ки тамоми Юнон дар чунин андеша бошад ва ўро на чун валиаҳди шоҳ Файлақус, балки сарвари комил ва шоҳи мутлақ бидонанд.
Искандар фиристодагони отиниро ба саропардайи хеш хонд ва сардабир Эвменро фармуд посухи нома бикунад. Эвмен бо имлойи шоҳ чунин нома дуруст кард: «Дурўду паём сарварони юнониро! Агар юнониён аҳдномайи Коринфро беэътибор донанд, бояд сари аҳдномайи тоза биандешанд. Маҳалгаройиро хотима гузоранд, милатгаро набошанд, ташвиқи зидди мақдуниёнро бас кунанд. Бояд, ки маҷлиси тозайи Коринф барпо шавад ва юнониён вакилони хешро бифиристанд...»
Фиристодагон бозпас бирафтанд ва баъд он қадар инъому эҳдову хоста оварданд, ки шоҳ Файлақусро наоварда буданд.
Миёни эҳдойи юнонӣ ду гулчанбари заррин буд, ки нисфи ҳарҷи Мақдуниёро мебардошт...
... Ва баъд тамоми шаҳру вилоятҳойи Эллин вакилони хешро фиристоданд ба анҷумани Коринф. Юнониён дар ин анҷуман Искандарро пешвойи худ хонданд ва қарор карданд, ки лашкаркашийи зидди Порсро сарвар бошад. Хуш омад рафтори юнониён шоҳро, вале ҳайрон буд аз спартаниҳо, ки чаро намояндагони хешро нафиристоданд ба анҷуман.
- Асби тезтак.
- Номайи лўлапеч.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё