Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳамин қадар хуш омад, ки сабук шуд ва хеле худро орому осуда дарёфт. Ў бисёр чиз гуфтанӣ буд ба Клит. Аҳду паймон бастанӣ буд. Имкон наёфт. Ҳамин қадар дар ёдаш монд: «аз рўзи аввал, ки навҷавон будиву назди Ланика меомадӣ, дар дилам ҷой гирифта будӣ». Ин хаёли бедорийи ў буд, ки Клити зеборо ҳамроҳи Ланика ва баъзан ҳамроҳи писараш дида, дилаш гум мезад ба ў, вале шарм мекард, ки аз ҳад хурд аст ва шояд ақлаш ба ишораҳойи шаҳбону нарасад ва чунон шавад, ки зан ба баччабозӣ ном барорад. «Чӣ маънӣ дорад ин хоб?».
Дари шабистони бону пуршаст кушода шуд, ў як қад парида, сари ҷогаҳ нишаст. Садое набаровард. «Наход хобам рост бошад?»
аз дил гузаронд ва садойи писарро шунид: «Модар!».
— Искандар!?
— Чӣ шуд ба шумо?
— Ҳеҷ чиз, писарам! Падаратро хоб дидам, ки азобам медод...
— Дигар азоб нахоҳад дод! – дурўғи модарро пай бурда чунин фармуд ва зуд бурун рафт.
Гирифта буд сараш ва вазнин танаш. Назди ҳоҷиби якчашма омад. Ўро хуфта дид. Хеле бозистод. Аз ғофилхобийи пардадор дар ғазаб шуд, дарро пой зад. Вазнину ландаҳур сар бардошт ҳоҷиб ва шоҳро дами дар дида карахт шуд. Ҳоҷиби якчашма, ки чарми сиёҳро рўйи чашми кўраш накашида буд, зери партави хирайи моҳи дур зиёд безеб метофт. Ба назари шоҳи ҷавон бо тасмайи сиёҳи чашмбанд ба падараш монанд будааст ин мард. Вагарна чашми фурўрафтайи суп-сурх гўшту обраваш дилгир метобад.
Ҳоҷиб чашмбанди сиёҳи ба гардан ҳамойилро даст-даст карда, рўйи чашми кўраш бозовард ва парида хест. Вале шоҳи тозаҷулус ба ҳоҷиб чизе нагуфта, ба гўшае равона шуд, ки гетерҳойи дарборӣ зиндагӣ мекарданд.
Искандар баумед ба дари гетерҳо рафт, ки Тойис шояд имшаб назди онҳо монда бошад. Чун дили шаб буд ва касе дар атрофи саройи гўшайи диж наметофт, шоҳи ҷавон назди дари гетерҳо хеле истод ва намедонист кадоме аз дарҳоро боз кунад... Яке аз дарҳо боз шуд. Искандар гумон кард омадани ўро дида, дарро кушоданд. Вале аз он дар шоҳзодайи мисрӣ Биталомус бурун омад.
Искандарро надида, мўйи ба пешонӣ хамидаро бо панҷа пушт зада, мастона ҷониби дарвоза рафт. Искандар худро ба торикийи буни девор кашид. Биталомус надидаш. Шоҳи ҷавон тез шуд. Шўру ғалаён кард сараш, ки Тойиси отинӣ ин ҷо буда, Биталомус шаб хуш гузаронидааст. Сархуш буд, чӣ кор карданашро надониста, тез рафт ба дар ва озод даромад.
— Боз омадӣ? – нимхобу нимбедор пурсид садойи за-нона.
— Тойис!?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё