Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Биталомуси пилтан низ ба ў менигарад, писарони Пармониёни сипаҳсолор ҳам. Ҳатто бародари Ланикайи доя Клит низ.
Танҳо писари Ланика Протей ба дугонайи ў Эрис часпидааст. Ба модагурги гушнталаби сари чилла монанд аст шаҳбону. Мепечад ба худ, ки наход дар чунин шаби мурод ў ноком гардад.
Дар зери партави моҳи мунир шаҳбону пайкари сарвонайи хешро боз дар ойинайи барқад мебинад, вале чунон ки рўзона ҳаловат барад, ҳавойи нимторики хона имкони чунин ҳаловатро надорад.
Ў ду синайи чун синайи духтарон сахту тарангашро чангол зад, фишурд, пасон боло бардошт, то забон расонад ва чочашро сари забон гардонад. Чун аз ин кор гарданаш ба дард омад, сари ангушт молиду масҳ кард сари пистонро. Ҳисси шаҳвониаш боло гирифт, вале илоҷе надошт. Синаҳоро мефишурду масҳ мекард.
Ангехтатар мегардиду олуғда то васвосӣ.
Суст шуд шаҳбону. Дастон пахш карда ба ду сина, мастона калавида рафт сўйи бистар ва ба шикам зад. Дастонаш ҳанўз ҳам пахш мекарданд синаҳояшро...
Шаҳбонуро хоб бурд. Хоб дид. Клити болобаланди зебо ва бозўр меҳтархоҳари хеш Ланикаро хабаргирӣ омад чун ҳарвақта.
Доя Ланика ҳавливу ҳарами падариро хабаргирӣ рафта буд ба Эпир. Дар ҳарам ҷуз шаҳбону касе наметофт.
Шаҳбону аз омадани Клит шод шуд ва гила низ кард: «Хабар намегирӣ, Клит?»
«— Шоҳи ҷавон сахт гирифта, намегузорад фурсате дур равем»
– посух дод Клит.
Ва шаҳбону пеш омада, аз ду бари рўйи ҷавон дошта, пеш кашид, ба чашмони ў бо меҳри пур аз шаҳват нигарист. Лабонашро наздик оварда, пичиррос зад: «Мегўям, туро тамоман ба ихтиёри ман медиҳад». Нарм бўсид ўро ва сахт ба сари синааш пахш кард. Клит чун меҳрубониҳойи ҳарвақта донист ва гуморид ҳамин замон раҳо хоҳад кард. Аммо оташ дамид аз тани Клит ва Олимпиадаро сўзонд. Шоҳзан об шуду адо ва Клитро раҳо накард.
Балки сахт дошту ба танг кашид. Пас-пас рафт ва хами зонуяш ба тахту рахти шоҳона бархўрд ва ба пушт афтид ва ҷавонро бар хеш овард. Клити гургсифат гурусна гўйӣ гўспандро пахш кард. Хуш омад вазну бозуву нерўйи ў чунон ки модари шоҳи ҷавон орзу мекард. Шаҳбону оҳи шукрона кашид ва суст гашта, аз нав Клитро сахттар ба танг овард. Аллакай пойҳойи ў камари ҷавонро печида буданд... Баъд аз ҳолат рафта, дастонашро ба ду тараф андохт. Клит даҳон ба даҳони Шаҳбону сахт пахш карда, макид, то лабонашро канда гирад. Олимпиада сар тофт, то нафас кашад. Клит имкон надод. Малика сахт фарёд зад...
...Бедор шуд. Пасрў хобида ва даҳону биниаш руст буд ба болишти пари қу, нафас кашида наметавонист. Рўболо гашт ва ба хаёл рафт, ки чӣ хобе дид. Чаро ҳама дарди дилашро ба ў гуфта натавонист чунон ки дар бедорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё