Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— На. Ман чунин одат надорам. Ҳатто боре ҳам ба сўҳбати падарат гўш надодаам. Заҳр мехўрдам, тоқат мекардам, то аз пайи харфу сухан нагардам. Ман аз дудмони шоҳон ҳастам, Искандар.
Таълимдида. Ҳарчанд ҷавонятим шудам. Аз дасти амми хеш ранҷ кашидам, вале ақлу ҳушу ёдам барҷой буд. Ман оқибати дурўғ, бадкорӣ, миёнаравӣ ва рўсабиро медонам.
Олимпиада чунин мегуфту пеши назараш мурдайи тифли бегуноҳ Европа ва дар пояйи кат ҷасади кашоли модари ў шоҳзан Клеопатр меомад ва аз кайфари кирдораш метарсид, ки рўзе подош пеш хоҳад омад. Дар дил тавба мекард, мефишурд китфони хешро, вале ба писар ҳарфи дигар мехонд:
— ...Хислати хуби модарат он аст, ки гаправ нест. Ҳар чӣ мекунад, ба ақлу фаросат ва дарёфти худ мекунад. Орзуйи ман ин аст, ки шоҳзодайи ҷавонбахти ман чунин хислат дошта бошад. Ба ҳарфи ҳар кас фирефта нагардад, ба бўйи ҳар фоҳиша наравад, ба ақли хеш асрори муаммоҳо дарёбад. Мураббиву устодонро ман интихоб карда будам баройи ту. Леонад, Лисимах, Деомад, Арасту... аз кадоме норозӣ ҳастӣ?
— Аввал аз Зевси раббулнавъ, баъд аз Олимпиадайи некдил, пасон аз устодони хеш розӣ ҳастам...
— Шод бош, писарам! Худоён ёру раҳнамойи ту бошанд! Рой турост! Амр турост! Ҳукм турост! Давлату ҳокимият турост! Ҳар чӣ хоҳӣ, он бикун! Вале дониста бикун ва дўст аз душман баргузин.
Искандар сокиту хомўш буд, ки чаро модар аз боби дўсту душман зиёд ҳарф мезанад. Магар коре шуда? Аммо напурсид.
Олимпиада низ дар андеша монд аз андешайи писар. Пай бурд, ки писар дар замир чизе дорад зоҳир намекунад.
— Чӣ мефармойӣ, шоҳи ҷавонбахтам?
— Бипазирам ҳарфи модар, вале бо ақлу ройи хеш амал бикунам.
Олимпиада табассум кард, ки писараш кўдакона рафтор дорад, вале ҳакимона сухан мегўяд, киноя низ дорад.
— Бо душманонат чӣ мекунӣ?
— Тақдири ононро ба шаҳбону месупорам.
— Ай шоҳи ҷавонбахт, магар огаҳ нестӣ, ки кинайи зан сахттар ва гиротар бувад аз кинайи мард?
— Медонам, ки ба дасти шумо месупорам қисмати эшонро.
— Накўном бош! Ман он чӣ қасд доштам, ситонидам. Дигар армон надорам. Армонам ин буд, ки ба тахти шоҳӣ нишинӣ, нишастӣ. Умеду орзуям ин аст, ки марди мардон ва шоҳи шоҳон бошӣ!
Искандар сар бар сари синайи модар ниҳод кўдакона. Дергоҳ сукут варзид ва садойи задани дили қавийи модарро шунид. Пасон сар бардошта аз рухсорайи модар бўсид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё