Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Аз беэътиборийи падар бародарони модарҷудояш Қорун ва Ариддус ба ҷое нарасиданд. Девонаавзоъийи Ариддусро душманон ба номи Искандар часпониданд. Искандар ҳар гоҳ ки бо падар рў ба рў мешуд, гумон мекард шоҳи якчашма ними рўйи касро мебинад, аз ин рў ба маънийи масъалае комилан фурў рафта наметавонад. Вале ҷондорону гумоштагони шоҳ ба Искандар ситойиш мекарданд падарро, ки дар олам чун Файлақус шоҳе нест, ки ҳамаро ба як чашм бинад. Ба маҷози эшон сарфаҳм намерафт Искандар ва гумон мекард, ки таъна мезананд кўрийи ўро ва хашм мегирифт бар онон. Ҳоло дарёфта кинояйи эшонро ва фаҳмида, ки чун падараш шоҳи бепарво, ҷаббору қаҳҳор нагузашта ва беҳуда Абўҷаҳлаш ном надода. Аз он ки Мақдуниёро муттаҳид гардонд:
Фасалия, Иллирия, Эпир, Фракия, музофоти кўҳистон ва Юнонро дар тасарруфи хеш даровард, бузургаш хонданд. Вале баройи шоҳ Искандар модар бузургтар буд аз падар. Баройи Олимпиадайи болобаланди бокибру ғурур, зебо ва хуштухма писар бузургтар ва азизтар аз шавҳар...
Олимпиада дар бинойи умраш се бор хушнуд буд: гоҳе ки шоҳзан шуд, ҳангоме ки тани рўйини Павсанийро дар сари синаҳояш эҳсос кард ва оне ки писари хешро дар тахту тоҷ бидид. Дуйи аввал ба ҳар зани зебо чун Олимпиада насиб карданаш тааҷҷубангез нест, вале яки дигар – аз миёни ин қадар шўру шарр, душманиву гурўҳбозиҳо ба писари фарзонайи ў насиб кардани тоҷу тахти шоҳӣ бахт аст. Олимпиада шодком медонад худро, бўсаборон мекунад писарро. Ва зери шодмонӣ ашк ҷорӣ мегардад беихтиёр ва азоби овони кўдакиаш, шиканҷаҳойи бародари хурдсолаш Александри эпирӣ аз дасти амро пеши назар меорад, муқойиса мекунад бо кўдакийи шоҳписар Искандар ва гумон дорад, ки чунин тафриқа абадуддаҳр боқӣ мемонад, вагарна зиндагӣ беранг метобад. Инсон чунон офарида шудааст, ки намехоҳад ҳама умр дар як либос бошад ва ё ҳамагон якранг пўшанд. Ҳар кас мехоҳад аз дигаре фарқ кунад; ақаллан зоҳиран.
— Шоҳи ҷавонбахти ман акнун чӣ кор карданист?
— Гўш ба ҳарфи модар доданист!
Он чӣ Олимпиада мехост, писар бозгуфт. Вале модари зирак аз ақлу заковати писари хеш огоҳ буд, нахост якбора ба ошкорбаёнӣ гузарад. Таҳаммул кард. Андешид аз боби давлатдорийи писар, ки аз ўҳдайи ин кор мебарояд ё на; чун падар бўйи фоҳишамашрабон мегираду ҳама умр сияҳмастӣ мекунад ва ё ақлу ҳуши хеш ба ҷой монда ҳукм меронад?
— Ман аз боби душманонат андеша дорам, Искандар...
Писар як қад парид, тез нигарист ба чашми модар ва пурсид:
— Магар гўш додӣ сўҳбати моро?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё