Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ҳини сафар чанде аз эшонро дучор шудам, ҳама сухан якранг гўянд ва назарбаландие доранд…
— Хоҳиш мекунам, чунин андеша надошта бошед. Занҳойи Шарқ содафеъланд ва зудбовар. Ва агар фиреб хўрда бошанд ва ё дар борайи касе огоҳийи бад дошта бошанд, ба ў бовар накунанд...
— Бону дар борайи шоҳ чӣ огоҳӣ доранд?
— На фақат бону, оламиён дар борайи шоҳ огоҳӣ доранд...
— Ва чӣ гуна?
— Хуб. Шоҳи одил, лашкаркаши беназир, ҷавонмарди фарзона... Зевс, Геракл, Ахилл...
— Вассалом?
— Дўстдори гетерҳо, сахтрашк, шабрав... ба дўст раҳмдил, ба душман сангдил...
— Ин ҳама аз куҷост, бону?
— Эҷоди даҳонийи халқро бод ҳам гўш ба гўш бубарад.
Шоҳзодайи мисрӣ Биталомус паймона пеш овард баройи нўшбод ва Искандар дарёфт, ки сўҳбати эшон ба баҳс гашта.
Гўйӣ ба худ омад ва ҷоми заррин сўйи дўсташ дарёзид: «Баройи малика!»
Вале малика сухани шоҳро нашунид. Балки чашм сўйи дарвоза беихтиёр ба пой шуд. Ў зани ҷўлидамўйи гадосуратро дид ва шинохташ. Зеро ҳамагӣ ду рўз пеш аз ў ҷудо шуда буд ва дар ҳар либос, ки гардад, шинохтанаш баройи Барзин душворие надошт.
Искандар ҷоми сўйи Биталомус ёзидаашро бозпас кашид ва ҳайрон ба Барзин нигаристу ба гадозан. Ва дид, ки чун бонуйи ба по ростшуда ларзид ва нишаст андар сандалийи хеш.
— Кист он? – лаб фарогўши бону оварда пурсид шоҳ ва аз нафаси гарму рўҳбахши Искандар Барзин як қад парид.
Ба назараш сипоҳигарӣ карда натавонист, асрор ҳувайдо хоҳад шуд. Аз ин рў посух надод. Вале шоҳ шинохт ин зани гадосуратро, ки он рўз ҳамроҳи Барзин тори гардуна дида буд. Асбоби хиҷолати Барзинро дарёфт ва баройи салоҳи кор шоҳзодайи мисрӣ Биталомусро пеш хонда, ишора ба гадозан кард, ки аллакай ўро гирд гирифта буданд ва ду зан аз ду китфаш медошт. Бурдандаш...
Оҳи сабук кашид Барзин ва нафасаш пурра аз гулў набаромада, печид. Хоҳиши назди модар кард, то осебе нарасад ўро. Беихтиёр дида ба шоҳ дўхт. Шоҳ Искандар мижа таҳ кард ба ҳам: «Осуда бош». Вале бону беқарор шуд ва якбора аз даҳонаш баромад:
— Ў модари ман аст!
— Модари туст?!
— Оре, шоҳ!
— Ба ин зебойӣ? – ишора ба бону кард: – Ба он зиштрўйӣ?
– даст сўйи гадозан ёзида пурсид шоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор