Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— На никоҳ, на тоҷи хусравонӣ, на пазироийи шоҳона... Ман меҳмони базми шумо ҳастам.
Искандар табассум кард ва дар дил чӣ андешид, ки гуфт:
— Боз чӣ мебод?
— Расмият. Мардум донанд, ки ман зани шоҳ ҳастам.
— Яъне, мўҳру нигин?
— Оре...
— Равшан шуд, ки баройи бону расмият эътибор аст, на шоҳ.
— На, шоҳ. Баройи ман эътибор шумоед. Вале ман тани нафиса ва поки хешро вақте бахшам, ки расмият баҷо оварда шавад.
— Ва ман нахоҳам, ки мо ишкели пойи якдигар бошем... Озодиро дўст дорам.
— Рой шоҳрост...
— Ва боз дўст надорам, ки ман моли касе бошам ва ў моли ман. Одамизода бояд озод бошад. Ва бо чунин ният ман дар ин ҷо ҳастам, ки тамоми эллиниҳоро аз дасти порсиён озод кунам ва асиронро раҳо бахшам...
Сухан ба сиёсат бурд Искандар ва Барзин хомўш монд, ки хубӣ надорад баҳсу талош. Гўё то алвақт амонат нишаста бошад, ҷунбида бароҳат нишаст ва такрор кард: «Рой шоҳрост!»
Искандар хулосайи андешайи хешро пеш овард:
— Ман, ки бонуро моли хеш пиндоштам, ҳама ҳавасҳоям мирад. Донам, ки бону моли ман аст. Тавонам бихонам, тавонам биронам. Зару гавҳар ин мол аст. Онро ба касе бахшанд, бозпас нагиранд. Вале ганҷи ба даст наомадаро ҳама умр ҷўянд, то ба каф оранд.. Хоҳам, ки мо баройи якдигар чунин бошем. Маҳбуба будан аз зан будан хубтар бувад.
Барзин ба андеша рафт, ки ду шавҳари пешинайи ў Ментору Мемнон ўро чун мол надониста буданд, балки азизтарин медонистанд. Ҳар куҷо раванд ҳамроҳашон буд ва рўйи даст... Аммо дар хобаш ҳам наомада, ки Мемнон аз баройи ў бародараш Менторро ҳангоми набард тир зада буд, то Барзин моли сипаҳсолор гардад.
Мемнон чун бародар бикушт, кушта шуд ва Барзин бева монд.
Ҳолиё дар дасти ба ном кушандайи шавҳаронаш шоҳи мақдунӣ Искандар бошад. Дудила аст бону. Сахт омадан ва бозӣ кардан бо шоҳи пирўз фоли нек набувад. Чашм аз тамошо баргирифт, ба зонувон, ба пеши пойи хеш нигарист ва гардан нимрўя тофта ба шоҳ гўшайи чашм кард ва гўё ҳарфашро ў нашунида бошад, боз гуфт:
— Рой шоҳрост!
— Ҳама занҳойи Шарқ якрав ва шахгардан ҳастанд? – тарошае аз бом пурсид Искандар ва Барзин ба чашми шоҳ нигариста китфон дарҳам кашид ва оҳиста пурсид:
— Чунин хулосайи шоҳ аз чӣ рў?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор