Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Оре, хонум, ман аз дудмони паст ва тухмайи ношуд наям.
Ин чизҳоро хуб донам. Аммо ин тавр ки хонум баройи шустушўйи ман хидмат кунад, бесабаб набояд бошад.
— Магар бонуйи зебо мардеро нигарон набувад?
— Ў чӣ мард бошад?
— Марди мардон.
— Марди мардон? Нашнидаам... Агар сипоҳӣ, ҳоҷат набошад, агар сарсипоҳ, зарурат набувад, агар сипаҳсолор, нахоҳам, агар шаҳрдори Димишқ, ў кайҳо рафта...
— Агар шоҳ?
— Агар шоҳ, бовар надорам.
— Чаро?
— Зеро оне ки маро дид, парвое накард, дар гунааш дигаргуние пайдо нашуд, хунаш наҷўшид, ҳамчунон сардхун, хаста ва ором буд.
— Оре бону, шоҳ Искандар аз шоҳони тасодуфӣ набошад...
— Донаме, хонум, аз шоҳзодагони таълимдида, дилогоҳ, далеру тавоно, аз парвардаҳойи Аристотолиси бузург; дар разм беназир, бо хонуму бонувон хушрафтор...
— Оре, бону, бо дўшизагон хушрафтору хушгуфтор, вале на ҳама бонувон донанд.
— Шўҳрати Маликуррум аз Офоқ то Офоқ рафта. Ҳамагон сўҳбат кунанд аз далериву ҷавонмардийи ў, ба хусус занон дўстдори гетерҳо буданашро гўянд.
— Пас бону огоҳанд аз рафтору кирдори шоҳ? Ва инак воқиф гарданд аз гуфтору пиндори ў.
— Ў чӣ хоҳад, хонум?
Хонум табассум кард ва посух бидод:
— Ман донам, ки мардон чӣ хоҳанд аз занон, вале надонам, ки шоҳ чӣ хоҳад аз бону... Мебинам, ки бону варзида ҳастанд дар ҳама масъалаву мушкилоти рўзгор. Донанд, ки бо шоҳ чӣ гўянду чӣ бикунанд.
Ходима омаду ду шамъ афрўхт назди тиреза ва пас-пас рафт.
Вале Барзин дарёфт накард, ки табассуми фиребо буд ва ё самимӣ.
Дерёз танҳо монд бону андар хонайи барҳаво. Ва оҳиста-оҳиста тира мегашт ҳавойи хона. Ходима омаду ду шамъи дигар афрўхт назди тиреза ва пас-пас баромад аз дар. Боз омаду хонтахта орост.
Барзин росто буд ҳанўз, миёни ду шамъ истода ба пой. То шоҳ аз дар дарояд, бубинад ҳусну ҷамоли ўро дар равшанойӣ...
Шаб то ҷое расид, пойҳойи бону хаста шуданд ва гоҳ-гоҳ бардору мон мекард ва гоҳе чу паррандагон ба як пой меистод. Дараке аз шоҳ набуд. Ходима пайку посух намеовард... Шамъҳо об шуданд, рехтанд зери пойи хеш ва хомўш гаштанд. Танҳо дуд ва бўйи он хонаро фаро гирифта буд, ғаши бонуро меовард. Чунон намуд, ки тани нозукашро дуда фаро гирифта ва баройи шоҳ хуш нахоҳам омад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор