Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ту донӣ, ки Барзини ман ба шоҳ Искандар зан хоҳад шуд?
— На.
— Бидон, ҳоҷиб, ва дар хотир бидор, ки ман дар хидматат ҳастам ва акнун бибояд муроди духтарамро бубинам.
— Муроди духтаратро? Оне, ки бадбахтийи туро хоста?
— Нашнидайӣ, ки гуфтаанд: «дили модар ба фарзанд, дили фарзанд ба харсанг». Ту маро андармон накун, бирав, бигў ва посух биовар!
— Ту магар аз кўҳ фуромадайӣ? Аз назди барбарҳо...
— Чаро чунин гуйӣ?
— Магар надонӣ, ки шоҳон дар чунин ҳолатҳо касеро напазиранд...
— Чун? Охир, ман модарам!
— Модарӣ, вале модари шоҳ найӣ. Агар модари шоҳ будӣ, дар базм будӣ!
— Ҳазён магўй, ҳоҷиб! Маро масхара мадор!
Ҳоҷиб китфон дарҳам кашид ва шигифтзада нигарист ба шарикаш. «Нафаҳмидам». Пасон бодиққат зеҳн монд ба зан. Гардунасавори омадаро монад ин зан, вале каме солхўрда ва хаста.
Ва зан низ ба ҳоҷиби ҷавон нигарист ва донист, ки рағбате надорад ба ў ва парвое низ накунад, ки андарун базм барпост ё мотам. Гўйӣ базму сур баройи ў набувад. Гирифториаш дигар, аммо аз ин гадозанак шабуш нарўяд.
— Порс ҳастӣ? – нохост пурсид пардадор.
— Оре!
— Забони юнонӣ аз куҷо донӣ?
— Аслан отинӣ ҳастам, шўям порсӣ.
— Чӣ гуна бувад ин қисса?
— Қисса дароз аст, вақт кўтоҳ. Бигзор духтарамро бубинам, пасон дар они мувофиқ туро қисса бозгўям.
— На, фиребо намойӣ!
— Чӣ гуна фиребо? Росткору ростгўву ростшунав ҳастам, аз ин рў азоб дорам.
Ҳоҷибон ба ҳам нигаристанд ва хандиданд, вале зуд ханда андар лабонашон шикаст ва бо тааҷҷуб зеҳн монданд гадозанро...
Ва Барзинро бурданд ба гармоба. Перостанду оростанд ва оварданд ба кўшк. Барзинро чунин намуд, ки кўдакаш пиндоштанд, то натавонад сару тани хешро бишўяд. Чизе нагуфтандаш. Ва ўро пиндор буд, то чизе пеш ояд, вагарна ғами тозагиашро касе нахоҳад хўрд. Ҳазорхаёл буд, ба пўсти хеш намеғунҷид ва пешомад донистанӣ буд, бесаброна пурсон шуд аз ходима.
— Асбоби ин ҳама хидматат чӣ бувад?
— Зан бояд озода ва ботамиз бошад, бону. – Хешро гўл гирифта аз пухтагийи Барзин огоҳ лабханд кард ходима.

пешина
аз 390
навбатӣ