Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— На! Чунин андеша накунед. Барзин хушфаросат аст, то модарро пайдо накунад, базм наорояд.
— Чунин пиндорӣ, Бадрия?
— Оре, бону!
— Ғалат кунӣ...
— Чаро?
— Баройи зан баландтар аз марди дилхоста касе нест. Дар чунин ҳолатҳо зан тайёр бувад, то ҷон қурбон кунад.
— Чунон ки бону...
— Киноя занӣ? Магар аз ҷониби ман дар ин биёбони бекас танҳо мондан қурбонӣ нест?
— Қурбонист, бону. Вале шумо танҳо нестед. Бо касе ҳастед, ки шуморо аз зиндагӣ боло медонад. Бе шумо зиндагӣ ва вуҷуд доштан барояш маънӣ надорад.
— На, Бадрия! Баройи ту зан лозим, зане, ки оташи туро фурў нишонда тавонад. Ба ҷойи ман дигар зан бошад ҳам, ту шодмонӣ кунӣ...
Ғулом як сила зад ба рўйи чапи бону. Бону гаранг шуд ва хеле муддат хомўш монд, ки чӣ коре буд, ки ғулом кард. Ва агар дергоҳ бо ин бимонад, аҷаб нест бикушадаш. Пурсу посух нашуд.
Пуршаст баргашт сўйи роҳ ва дид, ки корвон ҳаст ё на? Сипоҳи мақдунӣ мегузарад ё на? Ва садо дод:
— Ёрӣ-ӣ-ӣ-ӣ!
Ва кафи дасти фарохи ғулом даҳони бонуро пўшонд. Ғулом чизе нагуфт ва бону пиндошт, ки баройи асрор пинҳон доштан ғулом чунин рафтор дорад, ўро хоҳад кушт. Ҷонаш ба танг омад ва газиданӣ шуд дасти сахти ғуломро. Ва зўр мезад ғулом, то дасташ аз даҳон бозгирад.
— Бону! Ман гумон надоштам, ки маро дўст надоред. Пиндорам аз дўстдорӣ, аз баҳри духтар баромада андар ин биёбон мондед. Акнун бо суханҳойи сард шишайи тафсони дили маро шиканед.
— Бум-бум! – чизе гуфтанӣ буд, натавонист.
— Дод назанед, ёрӣ маталабед, бону, ман бадӣ надорам... Мабод, ки касе моро бубинад... Мабод, ки касе моро ҷудо гардонад...
Ва агар баройи шумо сарам равад, шод ҳастам...
Гарданак зад бону: «дурўғ гўйӣ».
— На бону, дурўғ набошад. Ман ба хотири шумо зинда ҳастам... Ва донам, ки шумо низ ба хотири ман зинда ҳастед...
— На-а-а!!!
Даҳони бону аз кафи дасти ғулом раҳид ва садойи баланд баромад. Барда тарсид: ҳам аз садо ва ҳам аз он ин бону бо садойи баланд ҳама гуфтаҳояшро рад кард.
— Ч-ӣ-ӣ-ӣ?! Дурўғ? Он ҳама гуфтаҳо дурўғ? – Онҳо баройи якдигар бегона рў ба рў шуданд ва ғулом ҳайратзадаву суоломез ба бону нигарист, ки он ҳама ҳарфҳо баройи чӣ буд?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор