Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бону дарёфт, ки ғуломи ҷўшида аз худ бурун равад, фармуд:
— Канортар...
Ва дигар чизе гуфта натавонист. Барда дастони сахт гирифтаашро кушод ва бонуро рўйи даст бардошту пеш рафт. Чанде рафт ва пояш фурў хамид. Пой пас кашида, нигарист ба он ҷо.
Фурўрафта буд. Чунонки харсанги паррон аз осмон омада бархўрда бар замину боз боло шуда ва ё фурў рафта ба қаъри замин. Ва он мағок бо мурури замон пур гашта, вале чун ташт боқӣ монда ва сабзаву рустаҳо чун майсайи гандуми суманак пўшида даҳонайи онро, ки дом бошад бегонагонро.
— Чӣ шуд? – майли аз рўйи дастони барда фуромадан кард бону. Бадрия оҳиста баргузошташ ба замин ва ишорайи ангушт кард:
— Бингаред, бону!
— Аҷаб! Баройи мо?
— Баройи мо! – хушнудӣ кард барда баройи дилбардорийи бону, ҳамчунин шодмон буд, ки хубтар аз ин маъвое нахоҳад ёфт.
Ва нўки пой фурў дод, то донад, ки мағоки рўпўши бетак аст ва ё рўяк. Пояш фурўтар рафт то зону. Вале ба так нарасид. Баргашта ба бону нигарист ва китфон ба ҳам кашид, ки чӣ аҷаб аст.
Нишаст Бадрия ва пойҳояшро фурўтар дод, ки то куҷо расад.
Зери пояш сахтӣ кард. Пеш бурд пояшро. Ба назараш чизе ҷунбид миёни алафҳо. Ҳаросид. Пой пас кашид ва аз тарс худро ба пушт пеши пойи бону андохт. Бону низ тарсид ва пас-пас рафт чанде.
— Чист, Бадрия? – садойи бону ларзон буд.
— Надонам! – низ ларзид садойи ғулом, – Дидам, ки чизе алафҳоро ҷунбонд, вале чӣ буд, надидам.
Барда бархост ва дукаса дарозо нигаристанд ба ташти сабз, вале осоре, ҳаракате набуд. Ғулом дилкашол буд, ки зиёд нигаранд ҳам чизе наҷунбад, зеро зиёд мехост зудтар ҳамроҳи бону андар ин ташти сабз ҷой гирад ва беҳтарин ҷуфте аз гулҳойи ин ҷо бошанд.
«Гумон аст, ки бону бар ташт нишинад» аз дил гузаронд ва ба хотири осудагийи бону «кишк! кишк!» гуфт, то ҷонваре бошад, бихазад ва ё набошад, дили бону осуда гардад.
— Тарс дорӣ, Бадрия? – тарси хешро фаромўш карда пурсид бону.
— Бимам на аз худам, бону, аз шумост.
— Чаро?
— Зеро шумо то ҳанўз газандаеро дучор нашудаед...
— Гумонат газанда хазид?
— На! Гуфтам... то шумо парешон набошед.
— Ман парешон наям, Бадрия! Андеша дорам, ки агар базми кадхудоийи шоҳ Искандару Барзин бе мо гузарад, чӣ гуна бошад?

пешина
аз 390
навбатӣ