Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Саропойи ў инсони хокиро намемонд, балки одами сохтаро мемонд, ки аз ў тарсанд, кўдакон ҳаросанд, пирон ва камзўрон гурезанд, занон дуову диёнат кунанд. Хўду зиреҳу камарбанду нимлангу шамшеру наём ва соқаву бозубанду панҷаҳойи оҳанин гўё баройи тарсондани бону буд. Барзин андеша дошт, ки дили ў низ чунин аст: оҳанин, сард ва сангину сахт. Он гуна, ки бо мурдаву зиндайи одам бозӣ кунанд. Ҳарчанд бону ба ин чизҳо одат карда – падараш чунин буд, шавҳаронаш чунин буданд – ҳоло нафрин кунад. Мехоҳад як лаҳзайи умр бошад ҳам, бо одами хокӣ гузаронад.
Панҷайи гирову оҳанини сипаҳсолор андешаҳойи Барзинро пароканд. Ў панҷа бар сарпечи сиёҳи бону зад, кашид ва шартӣ бо шамшер бурид. Теғи шамшер остину банди дасти бонуро низ бурид. Фарёд зад бону, аммо баройи сипаҳсолор аҳамият надошт.
Сипаҳсолори бебок башаст сарпечро кашид. Бону калавид ва бар хўрҷини пурзар афтид. Ва аҳамияте ба хуни банди даст надода, рўй бо кафон пўшид, то набинад хунрову ўро. Баъд хуни пушти панҷа шоридаро шакид ба рўй, то сипаҳсолор ҳусни нозанинро набинад... Раги гарданаш шах шуд, зуъмаш гирифт, одами оҳанин шум тофт ба дидааш. «Вайронийи олам аз дасти чунинон бувад» аз дил гузаронд ва андешаашро идома дод, ки агар онҳо набошанд, ба сари одамӣ бадбахтӣ наояд. «Ана ҳамин хел касон ҳастанд онҳо: дасти бетеғро бо теғ буранд, сари пурандешаро беандеша кананд, бегуноҳонро ба гуноҳ печонанд... Онҳо дар дил ҳисоб доранд. Сараввал бояд ҳисобашонро бо зану фарзандони душман баробар кунанд...»
Бо вуҷуди бо каф пинҳон карданаш ва ба рўй хун шакиданаш сипаҳсолор орази зебойи Барзин ва гардани нефертитиёнайи ўро дид. Баёзи гардани бону гардани кўзайи хуштарҳро мемонд ва зурафойи зеборо пеши дида меовард. Ва сипаҳсолор чеҳрайи хуби ўро пурра надида. Фақат аранге дид ва бону рўй пўшид ва хун молид. Бо вуҷуди он ўро ба кадом паррандайи ягонаву беҳамто монанд кард. Ниҳоят паррандайи зебо, вале ёдаш наояд. Ў ба кабки дарӣ монанд буд: сапед, чашму абрўйи сиёҳ дорад ва минқори сурх. Рангҳо ба якдигар шинам ва ҳусни ҳамдигарро пурра кунанд.
Сипаҳсолор то ин андоза фурў нарафта, аммо монанд карда ва дарёфта, ки назир надорад. «Худованд ин қадар малоҳат ато карда, забони касро гунг нагардонад. Месозад ў.»
Сипаҳсолор сабаби ин қадар дебойи сиёҳ печидани ўро дарёфт:
аз чашми бад нигоҳ доштанист. Вале чашми сипаҳсолор бад аст ё нек дида чида натавонист. Чун акси офтоб аз ойина бар сапедийи гардани бону часпида буд. Бону дарди дастро фаромўш карда дар буни гардан гармиеро эҳсос намуд, порайи кашоли сарандозро ба гардан печид ва баъд омехта бо остин банди дасти ростро дошт, то хун назаҳад. Бархост, то берун равад.

пешина
аз 390
навбатӣ