Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ба ростӣ, гунг ҳастӣ? – сарпечи сиёҳи ўро кушоданӣ шуда даст ёзид сипаҳсолор.
Барзин сар пушт андохт ва қадаме пас рафт. Сараш ба сақфи дебойӣ бархўрд. Ба ин баҳона сарбанди печидаро боздошт, ки тобаш кушода нашавад.
— Ҳазар кунӣ? Мо юнониҳойи олинаҷод бояд аз шумо «барбарҳо» ҳазар кунем, на шумо аз мо.
Ханҷар намерасид, ки Барзин ба синайи сипаҳсолор занад.
Зеро ў хеле пеш ва наздик омада буд.
— Би-ис-ст! – баланд садо баровард Барзин.
Сипаҳсолор як қад парид ва гуфт:
— Ҳа-а-а-а... шумо ҳама фиребгаред! Модарат гунгат гуфт, вале забонат дароз!
— Лл... ллакк... ннаатт ддорадд ггуффт, ггуннг ннаггуффт...
— Хуб аст, агар ту сухан накунӣ, вале бо мо мувофиқ бошӣ.
Барзин чизе гуфтанӣ шуда, забон ба ком часпонда ва дер аз ком канда, қасдан вақтро мегузоронд, ки некие пеш меомада бошад ва мекўшид, то сипаҳсолор дилмонда гардад ва безор шавад аз дидори ў. Ҳангоми забон ба ком часпонда, канда натавонистан чашмони зебояш пушт рафта, сапедиаш рў мезад, гўсолайи ҳароммурдаро мемонд. Ба сипаҳсолор хуш наомад, вале ҳанўз дил наканда буд аз бону.
Барзин ҳама ҳилаву найранги низомиёнро медонист, таънаву маломатҳояшонро низ. Аз ин рў сар намефаровард. Медонист, ки духтари сипаҳсолори Порс ва зани сипаҳбадони Порс буданаш ҳувайдо гардад, сари ҳар кору рафтор таънааш зананд, маломаташ кунанд, чун духтар ва зани душман азобаш диҳанд, пас чун рўймолчайи биниашонро тоза карда як сў андозанд; хору залил гардад. Аз ин рў мехоҳад, тоза бимирад...
...вале аҳволаш танг аст: онҳо ба сони гургу гўспанд андар ин хаймаанд. Ва аз дасти гурги гуруснайи пир раҳо ёфтани гўсфанди парворӣ лоимкон бувад. Чунин гургон фурсати куштан ҳам надоранд: зинда ба дунбайи он даҳан зананд ва як лахт равғани карт канда гиранд.
Бону аз рўйдодҳойи ҷангӣ медонист, ки фақат даҳан задан ба дунбайи гўспанди зинда кам бошад. Дар пушти парда садҳо рўбоҳони гурусна ва маккор дида ба дар дўхтаанд, ки аз гургхўрда чӣ боқӣ монад. Онҳо тайёранд, лахте аз даҳони гурги сер рабоянд.
Сипаҳсолор хашмӣ буд, ки хуни ҳазорон чунинон шамшери ўро рангин карда, вале ин сияҳпўши гунг, ки назди касе арзу дархост карда наметавонад, рў аз ў печад ва ҳатто иҷозат надиҳад, ки сарпечи сиёҳашро кушоянд. Ў дар сари чунин андеша буд. Шамшер кашид аз наём ва бонуро огоҳ кард, ки аз дасти ин рўйинтан ҳар кор ояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор