Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва табиби хонадон Филипп омад. Искандар, ки дарди захмро фаромўш карда буд ва шавқи тамошояш меафзуд, ба омадани табиб эътиборе ҳам надод. Ва Филиппи ҳайратзада ба шоҳ менигарист, ки кўдакро монад ё нодидаро. Чун дарёфт майлаш чирост, гуфт:
— Шоҳо, ҳаяҷони зиёд лозим нест. Ин ҳама моли шумост.
Дар пеш бузургтарҳош ҳаст. Вале бузургтарин ва қимматтарин ганҷ сиҳҳатист.
Искандар, ки чандон ба суханони ў эътибор надода буд, саргарми саройи кошикорӣ, зарҳал ва қуббаву кунгураву ҳубобчаҳо ба ҳарфи табиб сарфаҳм нарафт. Вале Филипп хулосайи дигар баровард; гўё баройи сари вақт ба табобаташ нарасидан чунин рафтор мекунад:
— Захмро бояд даво кард, шоҳ!
— Захмро?
— Бале!
— Кадом захмро?
— Сари шонаатонро теғ харошида.
— Ҳа-ҳа, харошида дуруст шуд, Филипп, ту бирав, аз пайи кори хеш бишав!
— Ман кори дигар надорам, шоҳ. Бояд аз пайи сиҳҳатийи шумо бошам.
— Зарурате надорад.
— Ба ҳар ҳол бояд бубинам.
Искандар каме ором шуд ва раъй кард, то табиб захмро аз назар гузаронад. Филипп зиреҳу хафтони ў бикашид ва захмро бишусту марҳам кард. Ва фармуд шоҳ фароғат бикунад.
Аммо шоҳ фароғат накарда қосиде омад ва башорат овард:
«— Давлати шоҳ поянда бод ва умраш бардавом. Дар саропардайи лаби баҳр маликаҳойи хубон ҳастанд ва гўя доранду мўя бар марги шоҳ Доро».
Искандар филфавр чизе нагуфт, ба андеша рафт, бифармуд биоваранд занонро. На. Аз фикраш гашт: «Наёред!» Бурун омад аз пардасарой. Нигарист ба хаймаҳойи зиёд, ба пардасаройи шоҳӣ монандашро надид. Чун аз пеши шамъи фурўзони сарой баромада буд, ба чашмаш танҳо хаймайи лаби баҳр метофт, ки нури шамъ дошт ва дуртар аз он роҳи нури моҳ бар баҳр нишаста буд. Тиратар мешуд манзара. Талоя, ки омадану овардани сарбозро ба шоҳ расонда буд, маслиҳат надод дар торикӣ ба он чодар рафтани Искандарро.
— Биравед ва бидонед, ки кӣ ҳастанд ва чаро гиря доранд!
– бифармуд шоҳ Искандар талоя ва сарбозро. Ва худ даромад ва ҳама афзори ҷангӣ бадар карда дарёзид ба тахти шоҳӣ. Ва боз ба андеша рафт, ки пирўзиро ҷашн бояд гирифт.

пешина
аз 390
навбатӣ