Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳарчанд мақдуниён порсҳо ва кўҳистониёни шимолийи Мақдуниёро «барбарҳо» меномиданд, садову ғалабайи онҳо аз овозу ғалмағали эшон камтар набуд. Шоҳ Доройи ба чунин садоҳо одатнакарда дар шигифт шуд ва замоне дид, ки ҷондорону асилзодагони атрофаш кам монда, ҳамлайи сангин дорад Искандар. Ва ба тарс омад. Гум кард хешро. Овард рў ба гурез. Ҳама чиз бозмонд: майдону лашкару ёрон, юнониёни кироя, гардунайи хеш ва ному ёди бад. Зеро Доройи тарсу ҷанги бурдаро бохт. Инони фараси бодпойи оҳутак сўйи Бохтар тофт.
Искандар таъқиб накард Дороро, балки «гўри гурезон» номид ва рў овард ба ҷанги соҳил, то сарфавҷи саворон Набарзанро дастгир карда, ҳама алам ва кин аз ў ситонад. Ва Набарзан ҳанўз ҳам гурзу шамшер мезад ва юнониёни зархарид сар ба итоат намефароварданд, гарчӣ пас-пас мерафтанд, шамшеру сипар аз даст наандохта буданд. Ба кўҳ часпиданд онҳо, ки саворони мақдунӣ роҳ наёбанд. Набарди саворон низ авҷ дошт, Набарзан далерона меҷангид ва баргаштани фессалиҳойи гурехта, оварди сипаҳбади порсиро фурў нишонд. Чун Набарзан дарёфт, ки аз паси сараш шамшерҳойи охтайи кинаварони мақдунӣ ҷавлон мезанад, илоҷи кор ҷуст ва ҷуз фирор роҳи раҳойӣ надид ва инони фараси хеш ба дунболи дастайи Доро рост кард. Искандари захмӣ бар асари эшон раҳо карда буд сарафзори Бусефалро, таъқиб мекард гўри гурезонро. Шоҳи мақдунӣ то замоне дунболагир буд дастайи саворони Набарзанро, ки фазо чодари сиёҳи мотамийи шарқиро ба сар кашид.
Бусефал шалпар шуд ва Искандар хастаҳол. Дар чангу хоку хун оғишта буд. Акнун дарди захми шонайи чапро эҳсос кард.
Табиби низомӣ Филипп дар корзор монда буд ва акнун ҳамроҳи гардунаҳо ба роҳ афтода буданд, ки шоҳи пирўз баргашт. Арақи асбаш хушк шуда, гўшҳояш хамида, бефара, базўр гом мебардошт.
Искандари ҷавону навниҳол ҳам бар дўшаш гарон буд. Чун Искандарро аз асб фароварданд, Бусефал оҳи мадид кашид тамоми шаб наҳорӣ накарда, сум зад.
Маликуррум омад ба лашкаргоҳи душман. Сипоҳи хешро оворайи талаву тороҷ дид. Ба «Дўстон» фармуд бозёфтҳоро ба яғмо набаранд. Чун хаставу беҳол буд, ба пардасаройи шоҳ Доро даромад. Ба биниаш буйи хуши гулоб зад. Форид. Саропардаро чашм чаронд, даҳонаш боз монд. Зарнигор буд пардасарой ва бо карру фарри шоҳона. Натавонист худдорӣ кардан; сар меафшонд, чашм мечаронд, андеша дошт: «Худоё, шоҳи Порс будан чӣ маъние дошта!» Вале хаяҷонаш бо ҳамин хотима наёфт: «Саройи сафараш чунин бошад, дижу кўшкаш чун бувад?» ва гирд гашту ҷувозак ба тамошо, серӣ надошт чашмаш. «Мурод ин аст; ҷоҳу ҷалоли мувофиқ ва зарру зевари фаровон». Аз шавқу завқ ва ҳаяҷони зиёд шоҳи ҷавон наметавонист шиштан, кўдакона ҳаваси тамошо дошт пардасаройи зарнигорро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор