Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— На. Намешунавам... Шояд гўшҳоят садо диҳанд. Ку бархез!
Искандар бархост ва садо хомўш гашт. Ҳайрон монд. Танаш ларзид. Хамёза кашид... Насими серун вазид. Хоб овард. Вале нанишаст. Ба назараш зиёд хоб рафта лашкар.
— Бархезед!!!
Шаб аз шаб гузашта буд. Лашкар дараву тангноро убур мекард.
Пешравҳойи савора роҳ тоза мекарданд ва фавҷҳойи савораву пиёда саф-саф роҳ мепаймуданд. Искандар Бусефалро савор нашуда, ҳамроҳи гетерҳо гардунасавор мерафт, то фараси рамузфаҳмаш дар разми фардо хаста набошад.
— Кўҳҳойи Олимп баланданд ё ин кўҳҳо? – чӣ мурод дар дил дошт, ки пурсид Эрис.
— Кўҳҳойи Олимп, – посух дод Тойис ва магар аз посух қаноатманд набуд, ки илова кард: – Аз кўҳҳойи Олимп дар ҷаҳон баландтар кўҳе нест!
Ва Искандари Мақдунӣ лаҳзае ба гуфтугўйи эшон гўш дода, ба андеша рафт ва ҳама чизро фаромўш кард ҷуз меҳри Ватан.
Сўҳбати гетерҳо идома дошт, аммо дигар шоҳи ҷавон ба онҳо гўш намедод, балки таҳлил мекард ҳарфи онҳоро: «Ҳамин муҳаббатро ба дили ҳар як ҷанговар ҷой бояд дод... Ман ин муколамаро рўзе ба лашкар бояд бигўям: Баройи Ватан! Баройи Мақдуниё! Баройи Юнон меҷангем!» Хаёл кард садояш сахт баромад ва сар бардошта ба духтарон нигарист; дар торикӣ чеҳраҳойи онҳоро надид, вале мешунид, ки миёни худ сўҳбат доранд. Пас, нашунидаанд садояшро. Ў мехост зудтар рўз шавад, саф ороянд ва муҳаббати духтаронро нисбат ба Ватан ба онҳо гўяд.
Фазоро андаке равшан дид Искандар. Пиндошт сапеда дамида.
Чанде раҳ сипарданд ва фазо тиратар гашт. Субҳи козиб будааст.
Субҳи фиребо гузашт ва субҳи содиқ дамид. Он ки тангаҳойи зарринро як-як ба чодари фалак часпонда буд, бозмечид. Лаълийи заррин аз паси кўҳҳо сар баровард, ки лашкари Искандар ба фарохнойи Йусус фаромада буд. Хуршед рў ба чашми Искандар дошт ва мерабуд чашмро. Искандар лаҳзае аз дил гузаронд:
«Он ҷо бояд рафт, ҷое ки Офтоб тулўъ мекунад». Дар замири ў равшанӣ маъво гирифт ва худ ба худ хушнуд гашта фоли нек донист ин ҳолатро.
Шоҳ Искандар аз гардуна ба зини Бусефал гузашт. Гумон кард, бар кўҳ нишаст: баланду бақувват буд асбу зинаш. Бо вуҷуди дар ин роҳи тўлонӣ йему хошок нахўрдан фарас бардам метофт.
Майдони фарохи пешрў, ду бари рўди Пинар, ки ба баҳри Миёназамин мерезад, баҳри бекарон ва кўҳҳойи пешгирро аз назар гузаронд ва дуртар дар радифи дуди деҳайи Йусус сипоҳи Порс чун мўру малах буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор