Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Гўё тарс дошт аз тангийи махуф. Ва фармуд сипоҳ фароғат кунад, зеро рўзи сахт дар пеш буд. Лашкари аз роҳпаймойӣ хастагашта ва аз набарду пархошҳо осебдида бояд дам гирад, андаке осуда бошад. Ҷанговарон рўйи сангу замини сахт ёзиданд. Гетерҳойи соҳибҷамол даруни гардунаҳо буданд ва асбон даҳана мехойиданд.
Дидбонҳо ва посбонҳо андар баландиҳо ва хамгашту буни шахҳо ҷой гирифтанд. Искандар низ аз гардуна баромада, рўйи харсанги ҳамвор дароз кашид, аммо хоб набуд дар дидааш. Балки майдони набард меомад пеши назар ва тангно тиратар мегашт. Хоб аз сар парида ва зер сахт мерасид ба танаш. Гўё санг не, чизи дигарест андар зер, ки сахттар аз санг. Садоҳо меомаданд; садойи шағолро фарқ мекард ў. Аз он сў садойи аз танайи шах ҷорӣ шудани об ва аз санг ба санг задани он аён буд, сайҳаву биниафшонийи асбон низ равшан, аммо садое, ки садойи чуғзро мемонад, ўро парешон мекунад. Садоест сохта, гўё аз гулўву минқори парранда не, балки аз лабу даҳони инсон бармеояд; муқаллиди нобарор аст касе бошад. Бисёр аз баланд садо мекунад, аз дидбонҳо ҳам баландтар ва парешон мегардонад шоҳи мақдуниро, ки дар кўҳҳойи баланди Олимп низ нашунида чунин садоро. Ва аз қуллайи дигар айнан ҳамон парранда – бум «ҳақ» мегўяд гулўйӣ. Гўё садоҳо рамзӣ ва касе бошад варзида ба ин кор. Искандар парешон аст, зеро ин дарайи танг, махуф ва мармузу асрорангез ўро хуш нест. Боре, ки аз Йусус сўйи Тарс ин ағбаро убур мекард, дилаш бим кашида буд ва ҳоло таъсири он рафъ нагашта, мурғак давид ба пўсташ, хаёлаш мўйи фатилааш низ хўдро бардошт. Хуфта наметавонад, барнамехезад, то ҳамроҳон безобита нагарданд. Ба назараш ҳамайи сипаҳбаду сипоҳон дар чунин ҳоланд, хоб надоранд, фароғат низ. Фардо хастарўҳ, танфиҳўл майдондорӣ карда наметавонанд...
Садойи хандайи гетере баланд шуд ва ҳама садоҳоро пахш кард.
Искандар ғазаб накард, балки донист, ки мисоли ў ҳама бехобанд.
Асбе даст мезад ва ҷой тоза мекард баройи хоб. Як лаҳза садоҳойи мармуз аз гўши Искандар дур шуданд ва боз пайдо гаштанд.
«— Клит! – садо кард оҳиста, то садоҳойи дигарро пахш накунад, вале аз Клити ҳамсафару ҳолдони ў ҷавобе наомад.
— Клит, хобӣ?»
Ва Клит тарсида бедор шуд.
— Хоб будӣ, Клит?
— Ҳо...
— Гумон кардам, мисли ман хобат нест... Мешунавӣ?
— Садойи обро?
— На! Садойи чуғзмонандро!
— На. Ҷуз садойи об садое нашунавам... Бале... ин садойи шағол.
— На. Ун нест... Болотар аз қулла...
Клит дерёз гўш дод ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор