Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шаҳрҳойи ҷазирайи Лесбос андар тасарруфи ў даромада буданд. Шаҳри Мителенаро дар муҳосира гирифта буд. Дар лангаргоҳҳо посбон гузошта буд, киштиҳойи ҷангӣ омода ба набард буданд...
…ва ҷасади нимбараҳнайи ў об бар оташи пархоши Порс рехт.
Искандар шод шуд аз марги нобаҳангоми сипаҳсолори Порс.
Зеро чанд муддат Мемнон шоҳи мақдуниро ба ташвиш оварда буд ва Искандар намедонист бо ў чӣ кунад. Сосонро фиристод...
Сипас чун донист, ки Мемнон бо зарри Порс зархаридони юнониву мақдуниро ба худ ҷалб мекунад, сахт барошуфт ва ду сарҳанги набарддида Гегелох ва Амфотерро бозпас ба ҷанги баҳри Эгей фиристод... Вале ҳоло намедонад, ки кушандайи сипаҳсолори Порс кист.
Ҳар қадар Искандар аз марги сипаҳсолори Порс Мемнон хушнуд гашта бошад, Доро он қадар ғамӣ гашт, ғусса хўрд. Зеро марги Мемнон талафоти бузург буд. Доро тақдири Шарқро аз Мемнон медид. Ҳоло мағз об мекард, сар мешикаст, то бо кӣ иваз кунад Мемнонро. Шахси мувофиқ пайдо накард. Нақшаҳояш барбод рафтанд чунонки нақшаҳойи сипаҳсолор. Мемнон нақшаву орзуву армони худро ҳамроҳ бурд. Мемнони диловар гарчӣ ба хойинӣ таъна шунида буд, дар асл вафодор буд ба мулки Порс. Зеро ў таълими хоҳаршўяш Ортобози Порсро гирифта буд. Доройи Кудумон ин нуктаро хуб медонист ва ба Мемнон бовар дошт... Ҳарчанд мағз об мекунад, монанд ба ўро намебинад.
Марги сипаҳсолор ба назар ҷанги Митиленро бесоҳиб гузошт.
Дар асл чунин набуд. Сипаҳбадон Автофрадат ва Фарнабоз инони набард ба даст гирифтанд. Муҳосираро суст накарда, нақшаҳойи сипаҳсолор Мемнонро баҷо оварданд. Митилен ба дасти порсиён гузашт...
... ва инҷониб Искандар пурғазабтар гашт, ки порсҳо дар баҳри Эгей ҳукмрон гаштанд. Мақсади Мемнон низ чунин буд: ба хашму ғазаб овардани Маликуррум. Аммо лашкаркаши бузургро аз роҳаш бозгардонда натавонист. Ҳато овозайи Юнону Мақдуниёро гирифтани Мемнон юриши ўро қатъ накард. Хавфи аз паси лашкари ў зарба задани Мемнон аз байн рафт.
Доро андар Бобулистон ғусса дошт, азо гирифта буд Мемнонро ва намедонист сари сипоҳ киро гузорад. Даъвогарон буданд зиёд, вале аз ўҳдайи сипаҳсолорӣ мебаромадагон кам. Аз ин рў машварат орост Доро. Шўройи низомиёнро даъват кард. Ашрофзодагони баргузидайи Шарқ, порсҳойи таълими Мағриб дида, фиристодагони кишварҳойи ҳавасманд, зархаридони юнонӣ низ фаро омаданд. Ҳайфову дареғо, ки миёни эшон Мемнонмонанде набуд. Танҳо Харидеми юнонӣ, ки аз дастайи демократҳойи юнонӣ гурехта, ба гурўҳи зархаридони юнонийи Порс пайваста буд, худро ҳамсанги Мемнон медонист.

пешина
аз 390
навбатӣ