Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаро ба сулҳу салоҳ меовард. Рўзе Мидос гардунасавор ба маҷлиси мардумӣ ҳозир шуд. Халқ фарру шукўҳи Мидосро дида ўро шоҳ хонд. Мидос шаҳрро ба номи падар – Гордий гузошт. Ва он рўз гардунайи падарро ба ёди Зевс ҳадя кард ба диж. Аз он рўз то имрўз он гардунайи дучархайи гиреҳлигом андар диж аст.»
Искандар ба дидани гардуна ва кушодани гиреҳи муаммо бирафт. Гардуна аз гардунаҳойи маъмулӣ буд, аммо гиреҳе дошт
– кўргиреҳ. Шоҳи мақдунӣ сару нўки гиреҳ пайдо накард. Ў дилпур ва бо умед омада буд, ки нисбати гиреҳҳойи кушодааш чӣ бошад ин гиреҳ. Чун гиреҳи бесарунўк бидид, дарёфт, ки қодир нест ба кушодани гиреҳ. Хешро вориси мулк донист ва пиндошт ҳоҷат ба гиреҳкушойӣ набувад. Зўр ба кор бурд: ба зарби шамшер кушод гиреҳро. Ба гумони хеш Нофи Заминро бурид, гиреҳи оламгириро кушод.
Коллисфени таърихнигор хушнудтар аз ҳама буд. Ў ба дидаву шунидаҳояш обуранги бадеӣ илова мекард ва пиндошта, ки эҷодаш хонотару мароқангез мегардад. Афсонайи Гордий ва дасисайи Линкестидӣ ва пайдо гаштани Сосони ҷосус ҳаваси навиштанро афзуда буд. Бо хавас нигарон буд, ки оқибати кори Линкестидӣ чун шавад.
Аз байни ҳамсафарон зиёдтар аз ҳама Аристандри Талмосӣ хуш омада буд Коллисфенро. Ва чун афсонайи раммолийи Талмосиро шунид, имон овард, ки шаҳри Талмос некўхислат буда.
Дўст дошт Аристандри пешгўро, вале чун раммол аҷали худро ба теғи шоҳ Искандар пешгўйӣ кард, Коллисфен дилгир шуд. Ўро ба танҳойӣ кашид:
— Пешгўйиҳоят комилан дурустанд, Аристандр?
— Оре, Коллисфен, дурустанд... Ў на танҳо марову туро, ҳамаро ва ҳатто худро низ мекушад.
— Чӣ тавр?
— Хамин тавр, қисматаш чунин аст... Зикр бикун дар ҷое, то рўзе аз рўйи навиштайи ту маро ёд оранд. Магар кўдакиҳойи ўро наомўхтайӣ, ки ба падар ошнойӣ надошт, ба модар ошнойӣ надошт; якрав, қайсар ва гарданшах буд. Ҳатто Аристотолис натавонист ўро аз ин роҳ баргардонад.
— Донам ин хислатҳоро, аммо баройи чӣ кушад?
— Маро баройи раммолиам, туро баройи дабириат.
— Ва кай?
— Осемасар мабош. Он рўз фаро мерасад... Вале фоли наздиктарин қисмати сипаҳсолори Порс Мемнон аст.
— Чун бошад?
— Бикушанд ўро...
... Ва мурдайи сипаҳсолори Порс Мемнонро аз буни девори дижи шаҳри Митилена пайдо карданд: пасрў, бехўду беҷавшану бешамшер. Ва касе гумон надошт, ки Мемнони овозадор чунин ғарибу бекасу кўй дар хуни хеш оғушта мемирад.

пешина
аз 390
навбатӣ