Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оронтобат нигарист ба атроф, ки савобҷўе пайдо гардид. Вале дид, ки дуртар шаҳр дуд мекунад. Дуд қасрро фаро гирифт, дар пайи он аланга бархост.
— Диж месўзад ошно, дигар умеди зиндагӣ нест. Мақдуниён қасд меситонанд. Чун Куруш нест, касе мулкро ҳифз карда наметавонад. Медонӣ-а Курушро? Куруши сагдаҳонаш мегуфтанд.
Баройи он ки ўро бадахтар дониста паси кўҳи Дамованд бурда партофтанд, шубоне пайдо кардаш ва назди сагбаччаҳо гузошташ, саги шубонӣ ўро ҳамроҳи баччаҳояш шир дода калон кард. Зани шубон гесўйи дарозашро бофта ду шох мекард. Юнониён гесўро курус мегўянд ва арабҳо шоҳро қарн. Аз ин рў Зулқарнайн ном гирифт. Ва сагдаҳониаш аз синайи саг макиданаш аст... «Ҳа! ҳа!
ҳа!»
— Боз гўям? Вақт гузарад?
«Ҳа!»
— Лекин аз ин донишмандиамон чӣ суд, ки моро мекушанд.
Мулки Порс чун Куруши Кабир дигар шоҳеро намебинад...
Пайғамбар буд Куруш...
Садойи фурў рехтани боми диж омад. Соҳиби шаҳру диж Оронтобат як қад парид.
— Айби Мемнони юнонӣ. Ў оташ зад, Искандар нахост хомўш кунад...
... Ва омаданд. Шаҳрро оташ зада, валу валангор карда, тохта, рабуда, кушта, омаданд ба киштиҳо. Пурсиданд Оронтобатро.
— Порс?
— Порс!
— Дидӣ? – дуди дижро ишора карда пурсиданд.
— Дидам!
— Бигўй, ки поянда бод Мақдуниё!
— Поянда бод Порс!
— Бигўй, ки поянда бод Рум!
— Поянда бод Порс!!!
— Забонат дароз буда, Порс...
Ва забони дарозаш кашиданд. Яке ба шамшер бибурид. Чашмонаш сиёҳӣ зад. Даҳонаш пур аз хун шуд. Хеле дошт, то нарезад.
Фурў бурда ҳам натавонист, то хунхор набошад. Пас пошид бар эшон. Биолуд ба хуни забони хеш сарбозони румиро. Ва нигарист сўйи Ошно... Ошно мегирист, ки ба буридани забони хеш нагириста буд. Ва наметавонист бигўяд, ки забони марди донишманд, ватанхоҳро буридед.
Пас дастони ҳардуро кушоданд ва афканданд ба дарё:
— Наҳангон бихўранд...

пешина
аз 390
навбатӣ