Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Фаҳмо... Поянда бод мулки Порс гуфтӣ? «Ҳа!»
— Нест бод Рум гуфтӣ? «Ҳа!»
— Албатта ман ҳам бошам, забонатро мебуридам! «Ҳа! ҳа!
ҳа!»
— Ту ҳамчун марди Порс донӣ, ки аз чӣ рў давлати бузурги ҳахоманишиҳо хароб гашт?
«Ҳа... бо... бо... бо...»
— Вазир Боҳуй хароб кард, гуфтанӣ ҳастӣ? «Ҳа!»
— Медонӣ аз чӣ рў порсҳо ҷангро бой диҳанд? «На...»
— Бой намедиҳанд? «На! на! на!»
— Надонӣ? «На!»
— Баройи он ки бо румиён порсҳо ҷанг надоранд. Юнониёни зархариди юнониву мақдунӣ овард доранд бо онҳо. Фаҳмидӣ?
Кадом юнонӣ Юнонро монда Порсро ҳимоя мекунад... Фаҳмидӣ?
Кадом зархарид аз дилу ҷон набард мекунад. Ҷояш ояд, аз ду тараф зарр гирифтан мехоҳад... Ман ба чашмам дидам... Фаҳмидӣ?!
Мисол мегирем сипаҳсолори Порс Мемнонро. Ў юнонӣ аст. Ба ҷойи он ки ба муқобили мақдуниён ҷанг кунад, дар қалъа пинҳон мешавад, зўр ояд, мегурезад. Пас порсҳо пирўз мешаванд магар?
Ҳаргиз! Шоҳи Порс Доройи III лода аст. Бовар мекунад ба сипаҳсолор, ба юнониҳойи кироя. Акнун фаҳмидӣ? «Ҳа!»
— Аз чунин бозиҳо ману ту барин теззабонони порсигў азоб мекашанд. Мо низ чун шоҳамон лода. Бовар мекунем ба ҳарфи сипаҳбадон. Дирафш бардошта, шамшер ҷавлон дода пеш меравем, ки Ватан ҳимоя мекунем, аз пасу паҳлўямон теғ мезананд. Вагарна Порсе, ки румиҳоро дар мулки худашон мағлуб карда буд, дар ватани хеш ҷангро мебозад? Ҳаргиз! Хиёнатгарон зиёданд... Пургўйӣ кардам, бубахш, зеро аз номи ту низ гуфтам... Фаҳмидӣ?
Аз чашмони асир сиришк меборид. Оронтобат оби дидайи ўро дида хомўш монд ва лаб газид: «Бубахш!»
Мавҷи базарба киштиро такон дод. Асир одат карда буд. Оронтобати одатнакарда тарсид. Сўйи ў нигашт:
— Шиноварӣ донӣ? Асир хандид: «Чӣ суд?»
— Агар дасту поятро кушоянд, худро ба об мезанӣ? «Ҳа!»
— Пас маро ғам нест. Ман ҳам метавонам шаборўз даруни об бошам.
Табассум дамид андар лабони асир. Оронтобат низ табассум кард ва дар замири асир нури умед пайдо шуд. Китф зад, дастон кашид аз банд, натавонист раҳо бикунад.
— Сабр бикун ошно, ягон савобҷў пайдо мешавад... ҳардуямон моҳӣ мегардем.
Асир ба ду тараф сар ҷунбонд.
— Наҳангон мехўранд, мегўйӣ? «Ҳа! ҳа! ҳа!»
— Хубтар аст аз он ки моро дар шиканҷа бикушанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор