Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҷавони хушқомати серҳаракат дар кулаҳхўдаш пари сафеди мурғи бахтро бо рамз зада буд. Ба чашм зудтар мерасид нисбат ба дигарон. Вале кас бодиққат нигарад, фарри шоҳӣ намерасид, балки кас гумон мекард як тан сипаҳбади ҷавон аст. Дар асл тоҷи шоҳӣ иваз карда буд ба хўди ҷангӣ. Ҷой гирифта буд андар маймана ва сипаҳсолор Пармониёнро ҷой дода андар майсара.
Андар канорҳойи рўди Граник ҷой гирифта буданд сипоҳони Порсу Рум. Сипоҳи Порс андар канори рости рўд ва сипоҳи Рум андар канори чап. Сипаҳсолори ин сў Мемнон буд ва сипаҳсолори он сў Пармониён. Онҳо чун ялони қадим, чунон ки Рустаму Исфандиёр ва ҳамчун Рустаму Сўҳроб намеҷанганд, балки сипоҳ бо сипоҳ ва фавҷ бо фавҷ набард мекунанд. Безобита аз ҳама сипаҳсолорҳойи ду тараф буданд. Гумонашон оварди сахт хоҳад шуд. Аз ин рў ҳар ду ҳам ба шоҳони хеш маслиҳат пеш оварданд, эшон напазируфтанд.
Лашкари Искандар буд ҳамлавар ва сипоҳи Порс ҳимоятгар.
Фавҷи «Иттифоқи юнонӣ», ки Пармониёни сипаҳсолор сарварӣ мекард, гурўҳи Биталомуси пешгард, сипардорону найзаварон ва фавҷи «Дўстон»-и Искандар маҷройи чапи соҳилро маъво гирифта; майманаву майсарайи лашкарро дастаҳойи савора ишғол карда буданд.
Ва андар канори рости рўди Граник сипоҳи Порс даррасидани сипоҳи душманро дарёфта буд ва медонист, ки ин ҷанг кинайи дерина аст. Порсҳо сипоҳи худро дар ду саф ороста буданд: аввал саворасипоҳон, сонӣ пиёдагардҳойи кирояйи юнонӣ. Хеле сода буд чунин ҳимояву сафкашидан. Ва чунин содакорӣ беҳуда набуд.
Порсиён умед бар он баста буданд, ки сипоҳи мақдуниву юнонӣ вақти убури рўди пуртуғёни Граник талаф хоҳад ёфт ва онон сабуку осон пирўз хоҳанд шуд. Вале Мемнон чун дардманди кинагирифта печутоб мехўрд, ҳарфашро ба шоҳ Доро маъқул кунонида наметавонист. Медонист, ки набард саҳлангориро намепазирад, дар як миҷазанӣ сар аз тан ҷудо мегардад.
— Шоҳи ботадбир, ҳоло вақт ҳаст, фурўтар биравем ба Шарқ...
— Ай геви тарсу, сипоҳи Рум низ дар ин андеша, ки мо фурўтар рафтаем... ва бояд мо эшонро ғофилгир бикунем...
Ва Мемнон ҳарфи шоҳро ду накард, балки намоз овард. Шоҳ Доро низ пазируфт ишорайи ўро ва даромад ба саропардайи хеш.
Чунон ки кўдак аз танҳойиву сиёҳӣ битарсад, миёни саропарда рост монд ва садойи туғёни рўди Граник ҳаяҷони шоҳро биангехт. Дар баҳорон рўдҳо сероб мегарданд ва садойи туғёнашон ба дили кас воҳима меандозад. Дар ҷойи хеш тоб хўрд Доро ва рў ба дар овард. Дилаш мехост сипаҳсолорро даъват бикунад ба пардасарой. Вале ғурури шоҳиаш иҷозат надод, ба ҷойи сипаҳсолор, баройи танҳойиро рафъ кардан ва бими тарсро дур андохтан маю канизак хост...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор