Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Рўди Граник, ки ба дарёйи Мармар (Пропонтид) мерехт, аз борандагийи зиёд сероб ва шўхоб гашта буд. Дар резишгоҳ ва ё поёноби ин рўд лашкари Порс нигарони рў ба рў омадани сипоҳи мақдуниву юнонӣ буд. Вале Мемнони бошараф чашми дидан надошт ин ҷангро. Чунон буд, ки аз ғайб ба гўши ў омада, ки набард накунад. Ва чун аз чанги Искандар гурез набуд, Мемнон намедонист чӣ бикунад; «Баъдтар маро ёд хоҳед кард!» Ҳамин қадар гуфт Мемнон ва Доро заҳрханда кард:
— Тарсу шудайӣ, сипаҳсолор.
— На, тарсуйӣ нест, балки дилам гувоҳӣ медиҳад, ки ҷанг ба муроди мо набошад.
— Шояд... Шояд дили сипаҳсолор чунин гувоҳӣ диҳад, аммо дили шоҳ дигар чиз мегўяд: ҳоло шоҳи Порс зинда аст...
Мемнон сар андохт. Посухе надод ба шоҳ. Зеро медонист шоҳ Доро чӣ огаҳие дорад аз разму размгоҳ.
— Фурсати фикру хаёл нест, сипаҳсолор. Бибояд размид!
Сипаҳсолор Мемнон зайле ки истода буд, сар боло на-кард.
Ва он сўйи рўди Граник низ чунин муноқиша буд: чун рўзи чаҳорум лашкари Рум пас аз раҳпаймоийи зиёд ба канори рўди Граник даррасид, дами осуда мехост. Аммо Искандари беқарор бозистодан нахост. Ва сипаҳсолори пурдида Пармониён, ки ҳанўз ҳам дар ғами писари дар машқи шоҳзодайи мисрӣ бойдода буд, сари сухани ўро гирифт:
— Лоимкон аст, шоҳи ҷавонбахт!
— Чаро?
— Лашкаре, ки аз роҳпаймоийи зиёд хаста шудаст, бояд фароғат бикунад!
— Ин сипоҳ ҳоло чӣ карда, ки бояд фароғат бикунад? Усули ҷанг чунин аст: душманро ғофилгир бояд кард. Ман ҳам мефаҳмам, ки лашкар бояд дам бигирад. Вале дар ин муддат душман низ дам гирад, ба ҷанг омода гардад. Ҳоло порсиён гумон надоранд, ки румиён шабохун мезананд... Ба ҷанг!!!
Пармониёни пир дигар лом гуфта натавонист. Ҳукми подшоҳ воҷиб. Аммо дар дилаш неше халид, ки чандин шоҳонро дида ин сипаҳсолор, аммо аввалин бор суханашро мегардонанд. Зеро бисёр овардҳоро дида, қабл аз аҳди Файлақус то имрўз. Искандар биозурд дили ғамзадайи ўро. «Чаро хурўш мекунад ин ҷавон?
Фараси осемасару саркаш пешипо хўрад дар кўрсангҳо». Вале чунин андешаҳоро ба шоҳи ҷавонбахт гуфтан имкон надошт.
Пармониёни сипаҳсолор ҳамроҳи сипаҳбадон ва писаронаш баройи Юнон меҷангид!
Ҷўшу хурўши Искандар зиёдтар буд аз ҷўшу хурўши рўди Граник. Сипоҳи ў низ монанд буд ба яли ҷавон. Чун Пармониён дарёфт, ки лашкаркаши ҷавон сипоҳро сарварӣ карданист, монеъ нашуд. Искандар дар вуҷуди хеш нерўе дошт, ки бояд биҷангад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор