Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Лутф кардед, шоҳам. Толори Садсутуни Тахти Ҷамшед ва сардобайи паҳлўйи диж шояд рўди Арованду Кўшки Гардонро иваз бикунад.
— Пиндори ман низ чунин аст, хоҷасаройи бузург. Пас мувофиқ ҳастед бо ман?
— Оре, шоҳам... Вале шитоб накунед. Шитоб бохти Аҳриман аст, сабр бурди Урмазд.
БаНди ДАҲУМ
Ва шоҳ Ардашери III шитоб накард, ҳарчанд мехост зудтар ба Тахти Ҷамшед бинишинад. Вазири маккор Боҳуй аз чунин азм кардани шоҳ беқарорӣ дошт, ҳазору як фиребу макрро андеша мекард, вале фурсати боб намеёфт, то ба сари Ох об резад. Зеро агар шоҳ бо хости худ кор барад, нақшаҳойи хоҷасарой ботил мешуд, давлатдорӣ бо реҷайи шоҳ Ардашери III пеш мерафт.
Кор чунин сурат гирад, аҷаб не, шоҳ рўзе кафши вазирро пеш монад... Нақшайи Истахр рафтану ба Тахти Ҷамшед нишастани ў ва аз сипоҳдорӣ маҳрум сохтани ҳокиму сатрапҳойи кишвару вилоятҳоро ниҳояти аз худ рафтани шоҳ донист. Гўйӣ паланги хуфта бедор гашт ва дарёфт, ки миёни панҷааш мўрча роҳ ёфта.
Олуғда ва пурғазаб шуд: «На-а-а... Туро Тахти Ҷамшед насиб накунад».
Ва чанд муддат вогузошт дўстиро бо шоҳ Ардашери III, бипайваст бо табиби хосайи шоҳи Порс Пирон. Пирони ҳакиму донишманд ва дурандеш вафодор буд шоҳонро. Вале бештар ба маслиҳати хоҷасарой гўш медод, зеро медонист, ки табибу таббохиёнро пайдо кардан ба ўҳдайи вазир Боҳуй бувад. Шоҳ Ардашери III аз рўзе ки майхориро миёни ёрон хотима бахшид (вале баъзан пинҳонӣ иштиҳокушо мекард), ошпазонро низ худ баргузид, аммо табиби озмудаву шинохтайи хонадони ҳахоманишиёнро иваз накард. Зеро Пирон миёни оли Ҳахоманиш чун табибу ҳакими порсову ҳозиқ эътибор дошт. Вазири маккор Боҳуй, ки ин чизро медонист, аз пайи ў шуд. Ва саҳари мардон дар гулгашти паҳлўйи диж, дар пайроҳайи марғпўши нақшипохўрда дучор омадаш ва хеле дилчасп пазируфт. Пирони ҳаким, ки чунин самимиятро боре аз вазири боргоҳ надида буд, андаке хиҷолатманд ҳам шуд.
— Дербоз ёди шуморо мекардам, Пирони донишманд, вале ташвиши рўзгор имкон намедод ба дидоратон бирасам.
— Маро гунаҳгор накунед, хоҷасаройи бузург, хидмат аз мост.
— На. Шумо аз фозилони давр ҳастед. Ба хидмати чунинон расидан фарз аст. Қадри зар заргар бидонад. Лекин, табиби ҳозиқу донишманд, арз кунам, ки чорсў ҷойи сўҳбат нест. Бод суханро ба ҳар сў бубарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор