Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ё аз боҷу хироҷ саркашӣ доранд сатрапҳо?
— На. Андешайи ман дигар аст...
— Бифармоед, шоҳам... агар илоҷи кор дар дасти ман аст...
— Хоҷасаройи бузург, оё зарур аст, ки ҳар вилоят ё кишвари мутеъи давлати бузурги Порс сипоҳи худро дошта бошад?
Вазири доно филфавр посух надод, ки одати ў буд. Манаҳ сойид, ки решайи ақлаш он ҷо бошад. Магар ба хулосае наомад ва ё муроди шоҳро дарк карда натавонист, ки пурсид:
— Шоҳам чӣ андеша доранд?
— На... ба ман назари вазири донову хирадманд лозим аст.
— Чунин масъала танҳо бо назари вазир ҳал нахоҳад шуд.
Аввалан шоҳи мулк ҳуқуқи комил доранд ба ҳар табаддулот. Сониян сарони кишвар, сипаҳбадон, сиёсатдонҳо, ҳакимон ва аъёну акобир бояд дар маҷлис хузур дошта бошанд.
Шоҳ Ардашери III чизе нагуфт. Ба андеша рафт ва яқин кард, ки вазири донову маккор салоҳ намедонад. Гом зад сўйи нимдеворайи ошёнайи дуввуми кўшк ва рў ба оби равони Аровандрўд овард, ки наздиктар ва некўкортар аз вазир бувад баройи ў. Магар бипухт андешааш дар сар, ки назди Боҳуй омад ва фармуд:
— Шоҳи Порс ақида дорад, ки баройи ин масъаларо ҳал кардан сари зиёд шикастан шарт нест. Давлати бузурги Порс бояд сипоҳи ягона ва муттамарказ дошта бошад. Ҳар сатрапи вилоятро зарурате нест, ки сўйи марказ ё зидди сатрапи дигар лашкар кашад. Сипаҳбадон бояд марказро гўш диҳанд, на ҳар волиро.
– Андаке ором монд шоҳ Ардашери III, то вазир чӣ гўяд. Вазир Боҳуй хомўш буд, манаҳ месойид. – Сабаби дар вилоятҳо рух додани шўру балво ин аст, ки сипоҳ доранд… Хоҷасаройи бузург чӣ мефармоянд?
— Агар шоҳи Порс чунин заруратро дарк карда бошанд, чӣ ҷойи мулоҳиза? Ҳамчунон бояд, ки шоҳ мефармоянд. Давлатдорийи шоҳ Ардашери III-ро ҳаждаҳ сол мешавад. Шоҳ таҷриба андўхтанд, дўсту душманро фарқ карданд ва донанд чӣ кор карданро.
— Аршак низ ҳабдаҳсола шуд, хоҷасаройи бузург. Экбатон ўро сазовор аст ва ман бояд ба Истахр биравам.
— Мусаллам аст. Шоҳи Порс бояд он ҷо бошад, чунон ки Ҷамшед, Курушу Дориюш. Шоҳ Ардашери III аз шоҳони бузурги Порс камӣ надоранд. Вале шоҳ Ардашери III ба рўди Арованду Кўшки Гардон дилбастагӣ доранд ва чунин рўду чунин Кўшки Гардон дар Истахр нест.
— Хоҷасаройи бузург зинда бошанд, рўд ҳам пайдо мешаваду кўшк ҳам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор