Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Аз он, ки рўзи бародарон, рўзи падар ба сарат наояд. Ба танайи дарахт кирм ҷой гирад, то нахушконад, бурун наояд.
— Яъне, чӣ?
— Агар бим аз Сосони ҷосус дорӣ, ғофил мабош. Агар донӣ, ки кори Сосони ҷосус нест, хавф аз оне бубар, ки медонӣ.
— Подшаҳон аз ҳама хавф бубаранд, зеро дўсту душманро шинохтан саҳл нест.
— Саҳл аст, Ох.
— Чун?
— Он, ки ба ранги бўқаламун аст ва зери пўсти ту ҷой шудан мехоҳад, душман аст. Оне, ки чун ойина айби туро рў ба рў мегўяд, дўст.
Тааҷҷуб кард Ох, ки чунин андешаҳо ба сари ин зани ҷавон аз куҷо омада. Аз дил гузаронд, ки баройи «дўст чун ойина рў ба рў гўяд айби туро» гуфтанаш бўсад, аммо худдорӣ кард. Балки сахт гуфт:
— Магар дар набудани ман ин ҳамаро касе ба ту хонда? Оё Сосони ҷосус аст?!
Гулгун сар андохт. Намедонист ба чунин пурси шавҳар чӣ посух бидиҳад. Чунин ҳолатро гирифтани Гулгун ғазаби шоҳи сабукмағзро ангехт.
— Бигўй!!! – баланд садо кард Ох.
— Чизе надонам ва Сосонро нашиносам... Хуб аст, ки биравам.
Аршак пеши доягон аст...
— На! Ту набояд биравӣ! – чанг ба бозувони Гулгун андохт Ох ва сахт гирифт: – Бигўй, ки Сосонро дар куҷо дучор омадӣ?!
— Гуфтам, ки ўро нашиносам...
— На, ту ўро шиносӣ!
— Нашиносам!
— Шиносӣ! – афшонд ўро Ох. Сари Гулгун чун сари беҷон ба ду ҷониб такон мехўрд, садо кард:
— Мурдан навбати ман аст?!
Ох бозмонд аз такондану ларзондан, мутаҳаййир ба чашмони ў нигарист ва фармуд:
— Ту маро девона мекунӣ... Кӣ гуфта ба ту ҳама асрорро?
Куҷост Сосони ҷосус?!
— Сосони ҷосусро ман нашиносам, шоҳ... вале донам, ки пахлўйи бародарони ту хуфта.
— Чӣ гуна бувад?!
— Он яке, ки вақти маросим касе аз модарон ба рўяш ҳам намехўрд ва оби дида намекард, гумон мекунам, ки Сосони ҷосус буд.
Шоҳ раҳо кард бозувони Гулгунро. Чанд қадам пас-пас рафт, ки чӣ мегўяд ин зан. Туфи дар ҳалқ часпидаро фурў бурда натавониста, ду-се бор қурт кард. Ва сараш ишорае дошт, ки Гулгунро ҷонибаш мехонда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор