Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Аҷаб! Онҳо, ки маро дўст надоранд, чӣ гуна туро дўст доранд?
— Ва чаро?
— Зеро ман оварда будам ба боргоҳ Сосони ҷосусро.
— Магар онҳо гумон доранд, ки падаратро Сосони ҷосус кушта?
— Бояд чунин бошад.
— Шояд ту чунин гумон кунӣ. Онҳо донанд, ки кӣ кушта.
— Аз куҷо?
— Аз забони сипаҳсолор.
— Сипаҳсолор? Магар...
— На... Ташвиш накаш. Ўро низ куштаанд.
— Аз куҷо донӣ ин ҳамаро?
— Занони боргоҳ ҳамаро донанд. Ва донанд онеро, ки шоҳ Ардашери II-ро ва сипаҳсолорро кушта ба касе дўст набошад.
— Ва кӣ кушта?
— Агар донам, ки ту аз ў интиқом ситонӣ, гўям.
— Бояд бигўйӣ!
— Ту худ донӣ.
— На. Надонам!
— Донӣ!
— Ва чӣ водор сохт туро, то аз ин боб лаб кушойӣ?
— Қисмати ту... Аввал бароям бефарқ буд. Чун Аршак миёни мост, бояд туро огоҳ созам.
— Маро аз омадани Сосони ҷосус низ огоҳ бисоз.
Киноя пиндошт Гулгун ва миёни абрўвонаш гиреҳ зад, ки шоҳи ҷавон бовар надорад ба ҳарфҳойи ў. Шояд баройи аз даҳони занон шуниданаш бошад. Гулгун, ки то алвақт баробари ў сухан мегуфт, дам ба дарун шуд.
Ба назари шоҳи ҷавон Кўшки Гардон ҷунбид; чунин намуд, ки оби нова пуршаст ба чарху парраҳои кўшк бархўрд, ларзонд, вале натавонист давр занонад. Ў лаҳзае орому хомўш бимонд, диққат ба Кўшк бидод. Чун ҳама чизро барҷо дид ва кўшкро ором дарёфт, хаёл бурд.
— Падарам Ардашери II вайрон карданӣ буд ин кўшкро, ман бояд обод дорам.
— Чаро?
— Ин кўшк бояд ҳамчун ҷойи муқаддас бимонад.
— Ту, ки аз ин манзил рафтагор ҳастӣ, Ох.
— Бале рафтагор ҳастам, вале ин кўшк бояд гардон бошад...
— То дигаронро низ чун аждар ба коми хеш фурў кашад?
— Ту баддаҳон шудайӣ, Гулгун!
— Ин баддаҳонӣ нест, ман туро огоҳ карданӣ ҳастам.
— Аз чӣ?

пешина
аз 390
навбатӣ