Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Аз нова шорид, бархўрд ба чарху парраҳойи чарх.
Ох диққат доду шунид садойи гардон шудани кўшкро. Ба зудӣ наёмад ба кўшк то нафаре аз бародарон набинад, ки ў ба сарбанд рафта омад. Чун Кўшки Гардон тез гашт, садоҳо омад бехудонаву мастона ва нафасгардон аз об. Ох наздик шуд ба Кўшки Гардон ва бидид, ки манзили аввал рафта зери об ва чизеву касе натобад.
Хурсанд буд аз нияти бад… Вале чун ба худ омад, тарсид, ки чӣ коре кард. Ба назараш касе омад аз сўйи ҳарам. Мемонд ба модари жўлидамўйи суғдӣ. Чанголи гиро дошт ба сони чанголи паланг, сўйи ў тез мекард ва дандонҳояш дароз ёзида буд, ки мехўрд ба назар Охро. Тарсид Ох ва худро зад ба об. Аз паҳлўйи кўшк моҳиосо каҷ шуд ва бо карона рафт сўйи бандар.
Баромад ба соҳил. Мойиндари суғдӣ набуд. Рў-рўйи об нафаре аз бародарон мерафт. Гоҳ рўйи об меомаду даҳон мекушод ва боз ғўтта мезад. Барқвор аз сари Ох гузашт, ки баройи ҳимояйи хеш ўро бояд бираҳонад аз марг. Чун тезоб буд, натавонист хешро андозад ба об.
Сўйи бандар битохт. Нафаре талоши зиндагӣ дошт. Нотавон даступо мезад ба об; даҳон боз дошта нафас мегирифт, об медаромад ба даҳонаш ва мезад нафасашро.
Худро андохт ба об, имдодаш кард, ҳарду баромаданд бо машаққате аз об ба ҷое, ки моҳигири пир моҳӣ медошт. Меларзиданд баробар. Он нафар аз тарси маргу сардийи об меларзид ва дандонҳояш зиёдтар бармехўрд ба ҳам. Бародарро хобонд рўйи рег.
Бирафт сўйи дарбанд дигареро наҷот диҳад; ҳамин тавр вонамуд мекард, дар асл мехост бародарон зудтар ва зиёдтар бимиранд.
Чун посбонону дидбонон ва дарбонон огоҳ гаштанд аз қисса, рехтанд ба соҳилу дарбанд. Сарбозҳо омаданд, обдонҳо омаданд, обтанҳо ҳозир шуданд... Субҳи маҳшар буд...
Ох меларзиду мегирист, забонаш гирифта буд. Базўр ишора мекард ба даст сўйи дарбанд, то боздоранд оббурдагонро. Нафаре, ки Ох мадад карда, аз об бароварда, рўйи рег дароз хобонда буд, чун моҳийи аз об бурун афтода даҳон мекушод. Ҳоҷиби пурриш пештар расид назди ў ва ба қату рост кардани дастонаш машғул шуд, то равонаш дар гардиш бошад. Дигаронро фармуд ба об зананд хешро.
Ох меларзиду сўйи бандар менигарист, дар дил «мурад хубтар»
мегуфт, вале талвоса дошт, ки раҳонанд бародаронро ва дандон ба дандон мезад аз сармойи тирамоҳон ва ҳам сохта, то бовар кунанду кўмак. Ў забон надошт, то касеро чизе бигўяд, чизе бифаҳмонад, танҳо ишора мекарду меларзид. Бадар оварданд либоси тари ўро. Пашмина пўшонданд, печонданд ва бурданд ба диж.
Вале Ох вонамуд мекард, ки майли рафтан надорад ва бо ишораҳо мефаҳмонд, ки то бародаронро пайдо накунанду наҷот надиҳанд, нахоҳад рафт. Ба зўрӣ бурдандаш. Модари экбатонӣ огоҳ гашт, дигар модарон хабар ёфтанд, хабар ба шоҳ расид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо