Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ҳозирро
– ҳузур, ғойибро – маъзур.
Шикориён пештар омаданд аз Боҳуй. Пўсти шеру паланг оварданд ва шохи тобтоби архар, ки бародари бузурги ориёйихун аз рўд убур карда дар ҷуфтшохи чанор савор кард. Чунин рўдро якдаста ранда зада ва бо дасти чап шохи гаронро боло дошта аз об гузаштани бузургбародар ба Ох нафорид, ки ў аз ҳар гуна тўфонҳо раҳо хоҳад ёфт. «Офарин, Пирон!» фарёд зад Ох каф кўфта, то касе гумон набарад, ки ў ба бародарон ҳасад дорад.
Бародарон чун ба саломи падар шоҳ Ардашери II расиданд, хушҳолтар гаштанд, андешайи базмро карданд. Бо рухсати падар базм оростанд андар Кўшки Гардон, ки гўйӣ писандидатар ҷое ҷавононро набувад. Охи маккор базмро дар ошёнайи дуввум гузаронд. Чун ҳама майли шароб доштанд, зиёд нўшиданд ва боз шароби румӣ хостанд, ки оварда буданд вақти ғорат ва ҳоло солхўрда шуда ва кўзачаҳойи даруни хумҳо андохта шароби ноб ҷудо карда. Сархуш шуданду сиёҳмаст ва тафсида мерафтанд ба ошёнайи саввум. Ох мегардонд эшонро аз манзили саввум, ки хавфи ба рўд афтидан дорад. Мебурд ба манзили аввал, ки серун аст. Рўҳ ва тароват мебахшад касро. Бародарони сархуш мерафтанд ба манзили аввал ва пойҳо кашол карда менишастанд бар суфайи кўшк. Чун об рўҳафзо буд, боз майли шароб мекарданд. Чун ҷомкосаҳо холӣ гаштанд, сархушу сияҳмасттар шуданд шоҳзодагон, шердил буданду майли ба об андохтани хешро мекарданд. Ох фарёд мезаду бозмедошташон ва вонамуд мекард, ки ҷонсўз аст.
Медавид ба назди ину он, то худро наандозад ба об.
Шаб гузашт аз посҳо. Ҳама хуфта буданд андар манзили аввал. Хур-хур доштанд. Бехудона паҳлў мегаштанд, магар хобҳойи даҳшатбор ва ё ҷанги даррандагони ҷангали Мозандарон ба хобашон медаромад, ки фарёд мезаданд, парида мехестанд беҳушона, ҳазёну олойӣ мегуфтанд. Танҳо Охи чораҷўро дил метапид ва намедонист дар ин тирашаби тирамоҳ чун равад ба сарбанд, то оби шова гардонад ба нова. Аз ҷойи «муқаддас» ҳаросид. Шабаҳайи он сўйи рўд пеши чашмонаш дамид. Тарсутар шуд. Дил ба танг омад, илоҷу чора пайдо набуд. Чунон ки касе муште ба сараш зада бошад, ҳушёр гашт ва дарёфт, ки бобтар аз ин, фурсате нахоҳад ёфт, агар ҳоло илоҷи кор наёбад, умрибод нахоҳад ёфт.
Зеро ҳама сияҳмасту лояъқил хуфта андар манзили аввал, монда, ки танҳо кўшкро гардон бикунӣ. Агар бори дигар мурғон бонг зананд, субҳ фаро расад ва коре натавон кард. Ох дарёфт, ки агар ҳоло натавонад ин корро кардан, абадуддаҳр нарасад ба мурод:
«Ё ҳаёт ё мамот!!!»
Бурун рафт аз кўшк, гузашт аз паҳлўйи нова, рафт то сарбанд.
Сангу чими андар даҳонайи нова гузоштаро бозгирифту гузошт ба дами об. Дамма гашт об ва равон шуд ба нова. Оҳиста буд, тезоб шуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо