Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳзода, ки баройи донистани асрор ва андешаҳойи ниҳонийи моҳигир чунин рафтор карда буд, аз карда пушаймон шуд.
Пушаймон шуд, ки чунин кору кирдораш ба шоҳ расад, маломати тоза бор шавад бар дўшаш. Карахт шуд Ох. Дасту по гум кард.
Надонист аз дунболи моҳигир равад ё на. Дилаш метохт аз дунболи ў, пояш намерафт: ғурури шоҳзода буданаш иҷозат намедод. Ба назари шоҳзода моҳигири пир дартоз мегурехт. Хеле дур рафт.
Акнун шоҳзода болу пар бароварад ҳам, ўро дарёфта натавонад.
Моҳигир ба назар зайле мерафт, ки аз аҷал гурезон бошад.
Ох ҳайрон аст аз рафтори пирамард, ки чаро чизе нагуфт, пархош накард, баройи арз ба қасри шоҳӣ надаромад, балки гурехт. Гўйӣ кайҳо ба танг омада, илоҷи фирор надошт, шоҳзода бо чунин рафтор пойи бастайи ўро кушод. Моҳигири пир охирин қувваашро ҷамъу сарф карда, кўшиш мекард зудтар ғайб занад аз чашми шоҳзода. Ў дуртар аз девори баланди диж сўйи кулбайи гилӣ ва сангдеворҳо тоб хўрд ва нопадид гашт...
Ох олуғда шуд худ аз худ, ҳамчу гурбае, ки порайи гўшти даҳонашро мерабуда бошанд, ғуррид, ҷўшиду хурўшид ва дар хеш хулоса кард, ки моҳигири пир дониста чунин рафтор кард; ба назари шоҳзода ноз кард. Ҳама сирру савдоро, ки медонад ва биринҷаш об мебардорад, ноз кард. «Гумонаш, ки аз паяш меравам, хобатро ба об гўй...»
Шоҳзода се рўз пайи ҳам ба лаби рўд омад, ки моҳигири пир баргардад ба моҳигирӣ. Аз ў дараке нашуд. Ҳар бор, ки Ох аз дарвозайи диж бурун мерафту бозмегашт ва гирифта буд, пардадор авзоъ медиду ҳарфе намегуфт ва пурсу дархост намекард. Ох низ гирифтори андешаҳо бурун мерафту дарун.
Чун пардадори пурриш ҳама рафторҳойи шоҳзодаро мушоҳида мекард ва парешонийи ўро медид, рўзи саввум Охро боздошту пурсид:
— Чӣ гирифторӣ дорӣ, шоҳзода?
— Ҳеҷ, ҳоҷиби мўҳтарам.
Дигар пардадор кордор нашуд. Вале дар дили шоҳзода оташ афтод. Саволи марди пурриш нафоридаш, аммо дағалӣ накард, зеро тагаш, ки тар буд, аз ҳама гуна ҳарфи зиёду ковок худдорӣ мекард.
Дар ин се рўз касе ҳаваси моҳӣ накарда буд, ки аз будан ё набудани моҳигир огоҳ нагаштанд, танҳо рўзи чаҳорум шоҳ моҳӣ хост ва таббохон аз пайи моҳиву моҳигир шуданд, ўро андар соҳили рўд пайдо накарданд.
Ҳоҷиби пурриш ҳам ба саволи пешхидмат посух дода натавонист, ки моҳигир куҷост. Ва фақат фармуд: «Шояд шоҳзода Ох донад». Пешхидмат аз содагӣ омад назди шоҳзода ва фармуд:

пешина
аз 390
навбатӣ