Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Аз он ки он ҷо ҷойи муқаддас аст ва ҳар гуна нағмаро намебардорад.
Ох сари по шуд ва хиҷолат кашид, ки моҳигир аз асрори ў воқиф аст, аз ин рў чунин ҳарфҳоро мегўяд, зеро то ҳанўз касе дар хусуси мазор будани он ҷо чизе нагуфта. Шоҳзода ёд овард он шаби пурвоҳимаро, ки сурати хоҷасарой намуда ва аз даҳони ў оташ рўйида. Пас он ҷойи муқаддас набардорад ҳазлу шўхиро.
— Ва шумо ба бисёр шоҳон аз ин рўд моҳӣ доштаед?
— Бале, баройи бисёр шоҳон...
— Баройи Куруши Кабир ҳам?
— На, ман Куруши Кабиру Дориюшро надидаам. Онҳо дар Ҷамшеддиж зиндагӣ доштанд ва ман набудам он вақт... Ман ба Ардашерон хидмат кардаам. Куруши Сағирро низ дидаам... Хоҷасарой ба ту чизе нагуфт, шоҳзода?
— Кадом хоҷасарой?
— Мо, ки хоҷасаройи зиёд надорем... Хоҷасарой Боҳуй.
— На, – кўтоҳ ва бо садойи паст ҷавоб дод Ох ва диққат кард, ки моҳигири пир боз чӣ гўяд. Вале ў хомўш монд.
Моҳигири пир бо мушт чашмони ба назараш, камнургаштаашро пок кард ва нигашт сўйи Ох. Шоҳзода ваҷоҳат дигар кард, ранги рўяш тағйир ёфт ва аз дил гузаронд, ки пирмард ҳама сирру асрорро медонад.
— На, бояд гуфта бошад...
— Чиро дар назар доред?
— Онро, ки шоҳони модӣ носипосӣ карданд ба ин ҷойи муқаддас ва давлату ҳукуматашон завол ёфт. Гўё аз муҳиббони Зардушти оташпараст хуфта он ҷо ва рў ба рўйи он танҳо гуфтору рафтори хуб кардан равост.
Шоҳзода чизе нагуфт ба ҳарфи моҳигири пир, ба хаёл рафт ва хулоса баровард, ки ғарази моҳигир дигар аст: киноя мезанад ва ба ў расонда чунин мегўяд, то ба худ ояд шоҳзода ва дониста гом бардорад. Бархост ва қасдан як моҳийи бузургро ба об андохт, то чӣ гўяд моҳигири пир. Тааҷҷуб кард ба кори ў пирмард, нигарист сўяш, чизе нагуфт. Ох моҳийи дигарро ба об андохт. Моҳигири пир боз чизе нагуфт. Шоҳзода дудаста моҳиҳоро ба об андохт, то ба ғазаб орад пирамардро, ки матлаб ифшо кунад. Моҳигири пири хамўш хаста гашт, дар пойҳояш мадор намонд, фурў нишаст рўйи рег. Сар ба зону ниҳод, ки дар умраш чунин шоҳзодайи бесару беадабро надида. «Ақлбохта тобад». Дерёз сар набардошт ва садойи ба об бархўрдани чизи вазнинро шунид. Гўшайи чашм кард ва дид, ки сабад рўйи об меравад. Сабад оҳиста-оҳиста чун киштийи шикаста фурў нишаст ва моҳиён рўйи об рўболо шуданд.
Фарошо гирифт тани пирмардро, ки ў рўйи об синасапед гашта бошад. Биларзид. «Шояд охирин сайёдийи ман бошад». Бархост.
Тўрро кашид аз об. Ҳама моҳиёни ба дом афтодаро раҳо карду бозпас ба об андохт, тўрро низ ба рўд афканд ва бирафт сўйи манзили хеш, ки дуртар аз диж буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо