Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хидматгорон бедор буданду аз пайи кор, вале касе аҳамият надод, ки чаро шоҳзода дар ин вақт дар берун мегардад. Шоҳзода хунук хўрда буд, сар зери рўкаш ҷой кард ва ба хоб зад хешро. Хоб парида буд аз чашмонаш. Гўш ба қимор буд, ки хабар меояд. Албатта қабл аз он ки хабаре расад ба шоҳ, мағале мешавад. Хабаре наомад.
Чоштгоҳӣ хобаш бурд.
Маликайи экбатонӣ писари худ Охро то зўҳр надида парешон шуд ва ба хонайи хоби ў даромада, дар хоб дидаш ва худдорӣ карда натавониста бедораш кард. Ох ки парешон ва бо хавф хуфта буд, осемасар бедор шуд ва модарро сари болинаш дида пурсид:
«Чӣ хабар?»
— Хабаре нест. Парешон шудам, ки чаро дерёз хуфтайӣ? Сарат дард мекунад?
— На, модар.
— Чаро хотират парешон?
— Хайрият бедорам кардӣ, хобҳойи бад медидам.
— Урмазди бузург нигаҳдорат, хобро бад магўй. Чӣ хоб дидӣ?
— Хоб дидам, ки аз даҳони одамӣ оташ мерўйид, баъд он одам аз даҳонаш мор зойид.
— Эй фарзанд, ин хобро ба ман гуфтӣ, бо касе магўй.
Шоҳзода ба шоҳзани хушсурат нигарон монд, ки чаро модар чунин мегўяд. Тааҷҷуб ва ҳайрати хешро дошта натавонист ва пурсон шуд:
— Чӣ бадӣ дорад ин хоб, модар?
— Бадиашро ман намедонам, вале медонам, ки аз даҳан зойидани инсон хуб нест.
— Ман бо падар машварат кунам ва ў аз ситорашиносон ва раммолҳо бипурсад, ки чӣ таъбир дорад ин хоб.
— На, ҷонам, зарурат надорад, ки ту чунин хобро бо шоҳ бигўйӣ ва маслиҳату насиҳат бишнавӣ... Ту хурд нестӣ, Ох. Акнун ба ту ҳама чизро гуфтан мумкин аст. Бидон, ки аз тухмайи модҳо танҳо ту мондайӣ, хуни ту аз хуни шоҳони модӣ бувад ва ин хунро ман ба ту гузаронидаам. Ягона хуне, ки модҳоро бо ҳахоманишиён меомезад, хуни туст. Ту бояд инро донӣ ва дар ёд дошта бошӣ...
Шоҳзода гўш ба ҳарфҳойи модар медод, аммо ҳушаш ба Сосони ҷосус буд ва ёд мекард, ки чаро то ҳанўз моҳигири пир аз мурдайи ў дарак надода. Шояд дарак дода, вале ўро маълум нашуда.
— Ох, ту ҳарфи маро гўш надорӣ!
— Гўш дорам, модар!
— На. Ҳушат ба куҷое рафта.
— Ҳушам рафта, ки чаро ин ҳарфро пештар нагуфтӣ, имрўз гўйӣ?

пешина
аз 390
навбатӣ