Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«— Бубахш маро, Сосон, дар тариқати мо меҳмонро ташвиш додан носавоб аст. Ман маҷбур будам, ки туро бедор кунам».
«— Аз тарс?»
«— На. Тарс аз худо».
«— Агар тарс аз худо, пас чаро маро бедор кардӣ? Ва хуб ҳам кардӣ, ки бедор кардӣ, зеро хобҳойи мудҳиш медидам».
«— На, хоб намедидӣ, Сосон, хур мезадӣ».
«— На, хоб медидам, Ох, чунон хоб, ки дар бедорӣ дили касро сиёҳ мекунад. Ту дидӣ, ки аз даҳони одамӣ оташ мерўйид, вале ман дар хоб дидам, ки одам аз даҳонаш мор мезойид...»
«— Худовандо! Чӣ аломат аст ҳамайи ин?»
«— Биё бихобем, Ох, ин аломатҳоро ману ту таъбиру тафсир карда наметавонем».
«— Бихоб, Сосон, ман туро бонӣ мекунам».
Мурғфарёд хоби Сосон бурд. Ох нохун мехойид, ки чӣ бояд бикунад. Агар Сосон зинда бошад, нақшаҳойи Ох амалӣ нахоҳад гашт, зеро балое рух диҳад, бозпурс дорад ва амали тезгард кардани Кўшки Гардон низ рўзе фош хоҳад шуд. «Ба об андохтани Сосон суде надорад, зеро чунин касон аз зери чархи осиёб ҳам хушк мебароянд». Шоҳзода намедонист чӣ кор кунад. Ва якбора хунаш тез гашт, бехобӣ мағзашро такон дод, ҷўшиду хурўшид, тоҷу тахти шоҳӣ пеши назараш омад, дигар чизе шоҳзодайи ноасилро боздошта наметавонист. Хун гирифт пеши чашмонашро.
Сиёҳтар шуд шаб. Дартоз бирафт назди тирсутуни кўшк, даст бар фишанг бурд, шах шуд, аз биму ҳарос шах шуд. Гўйӣ Сосони ҷосус аз зери пой мепойидаш ва муқобили нобакориҳойи ў илоҷу тадбире меҷуст. Гумон кард аллакай аз ҷойгаҳ дур рафта Сосон.
Пеш омад, хабар гирифт. Хобида буд меҳмон. Ба назари Ох кўшк давр гашт. Бозистод, муайян кард, ки хаёлаш фиребаш дода... Ин дафъа бошууронаву боақлона рафтор кард: баройи он ки Сосонро бедор накунад, нўг-нўги по назди тирсутуни кўшк рафт, фишанг бардошт ва кўшк ончунон тез гашт, ки шоҳзода хешро базўр аз об раҳо кард. Ба ошёнайи саввум баромад ва кўшкро боздоштан имкон надошт. Ба назар таноби боздоштанаш канда шуда мегашту мегашт. Ва шоҳзода натавонист паст фаромада аз меҳмон хабар гирад.
Меҳмонро об бурда буд бо ҷогаҳаш. Вале ҳанўз кўшк мегашту мегашт. Сари шоҳзода низ мегашту мегашт.
Субҳ медамид. Садойи рўди Арованд ва обшори новадон якмаром меомад. Худ аз худ гардиши кўшк суст шуд. Канда-канда ба силтав мегашт ва оҳиста-оҳиста аз гашт монд. Вале чун ҳамеша рўйи об набаромад. Ошёнайи аввал зери об буд.
Чун сапеда дамид. Ба олам равшанӣ омад. Шоҳзода ҷўё шуд меҳмону ҷогаҳашро. Нишоне набуд аз ҷогаҳу Сосон. Ох аз ошёнайи саввум, ки бо остона баробар гашта буд, берун омад аз кўшк, фишанг ба об андохт ва рафт ҷониби шабистони хеш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо