Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Аммо сустгардийи Кўшки Гардон дили ўро ба танг оварда, аз пайи зудгарду тезчарх шудани ин дастгоҳ аст. Чанд бор ба қароре омад, ки бо вазири доно машварат кунад, то устое ёбанд, ки аз ўҳдайи ин кор барояд, боз худдорӣ кард. Ҳарчанд вазир аз нақшаву қасди ў огоҳ буд, намехост аз ин боб ба ў чизе гўяд. Зеро ҳама гуна макру ҳиял лаҳзайи гиреҳкушойӣ дорад. Дар зарурат ва тангиҳо хоҷасарой метавонад баройи як пули пучак ўро бифрўшад. Пинҳонӣ аз пайи кор шуд: ҷустуҷў кард устойи Кўшки Гардонро. Чун ин кори чаҳор кас медонистагӣ набуд, Ох ҷосусеро пайдо кард аз Армания бо номи Сосон. Зару хоста бахшид, то устое пайдо кунад. Сосони арманӣ усто овард. Усто кўшкро бидид ва арз кард, ки тез гаштани кўшк ба об вобаста аст.
Ҳар қадар об зиёду тезу пуршаст ба чархи зери кўшк бархўрад, ҳамон андоза кўшк тез давр мегардад...
Нова сохтанд аз баландӣ. Аз рўйи гуфтаҳойи Сосон усто чунон пинҳонӣ ва танҳо кор мекард, ки ҳатто вазири доно огоҳ нагашт.
Ох бисёр мехост, ки зуд анҷом ёбад ин кор, зеро сафари Мисрро нигарон буд ва бояд ин сафар ба амал намеомад. Усто Сосонро мешинохт, Сосон Охро. Усто Охро намешинохт, Ох усторо. Шарту байъи кор бо Сосон баста шуда буд.
Нова сохтанд аз баландӣ. Об бо шиддати сахт ба чархи зери Кўшки Гардон бармехўрд чунон ки ба чархи осиёб. Ва ҳамин ки чархҳо таранг мешуданд, фишанги бар тири кўшк баройи боздоштан гузоштаро мебардоштанд, Кўшки гардон давр мегашт... Ва якбора чарх зад кўшк, ки каси хуфта бедор мешуд. Хуш наомад Охро, ки беҳушонро ба ҳуш меорад, хуфтагонро бедор месозад.
Усто ба Сосон фармуд, ки баробари аз шовахона (обпарто) ба нова гардондани об фишангро бояд бардошт, то аввал оҳиста, пасон тез гардад кўшк. Писанд омад маслиҳат ва Сосон усторо гуселонд.
Бо хоҳиши Ох Сосон имшаб меҳмон шуд андар Кўшки Гардон.
Ох сипосгузорӣ кард ва меҳмондориву меҳмоннавозӣ. Сосон, ки аз нақшайи Ох огоҳ набуд, зару хостаро пазируфт, шодмон гашту хушнудӣ кард ва бимонд он шаб бо Ох.
Шоҳзодайи зирак андешайи фардоро дошт. Агар рўзе коре шавад, аз асрори Кўшки Гардон танҳо Сосон воқиф аст. Ў метавонад асрор ҳувайдо созад.
Ох дар сари болини Сосон дерёз истод ва ба хулосае омада натавонист, ки чӣ кунад бо ў. Тира буд пеши чашмонаш. Имшаб тиратар метофт аз шабони дигар ва пурасрор. Гўйӣ ситорагони осмон як-як чида шудаанд, дар диж шамъ намесўзад, шубоне дар кўҳи Арованд оташ наафрўхта. Шоҳзода ҳеҷ гоҳ танҳо набуд андар Кўшки Гардон. Хавф кашид, тарсид, безобита шуд. Сосони ҷосус пеши назараш мурда тофт ва агар ҳолате бо ў рух диҳад, наметавонад имдод кунад. Шунаҳе аз он сўйи рўд бархўрд ба чашмаш ва ғайб зад. Сурату шабаҳи сиёҳ монд ҷойи шўъла ва монанд шуд ба вазири сиёҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо