Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«— Туро кӣ дуздид? Туро кӣ сард гардонд аз дили ман?»
Манзарайи макидани бародари ақлбохтааш синайи Миноро
– пеши назараш омад ва сўҳбати ситорашиносону раммолону фолбинон андар ҳузури шоҳ Ардашери II дар гўшаш садо дод ва орзу кард, ки то шоҳ, нарасад ин манзарайи тоза.
— Ё Урмазди бузург! Ҳоло шукр, ки модарон фарзандони думдор назодаанд, сагбаччаву морбачча назодаанд. Умеди зиндагӣ ҳаст. Дунё охир нашуда... вале ин манзараҳойи ҳузнангез нишонаҳойи охирзамонанд... Худовандо, биёмурз моро».
Шоҳзани суғдӣ нафаҳмид, ки вазир чӣ мегўяд. Лабҷунбониҳояшро дида хандид ва ба ишорайи даст Охро огоҳ кард: «Девона...
ҳа-ҳа-ҳа... девона!!!
Хоҷасарой парво накард, ки медонист чунин ҳолатрову чунин девонаҳоро. Аммо шоҳзода Ох шўрид:
«Дафъ шав, бирав!», гўйӣ зиёдтар ва мувофиқтар сухане наёфта буд.
«— Ором бош, Ох! Худозадаро банда набояд занад.»
Одамият зоҳир кард вазири доно. Зирак ки буд, беҳуда гуфтанро намеписандид ва бовар надошт, ки шоҳзан бо чунин зудӣ то девонагӣ расида бошад. Вонамуд мекунад ў, то бо ин роҳ қотили писарашро донад. Ба Ох чунин муносибат кардани ў низ бесабаб набояд бошад. Аз назари вазири зирак модар бўй бурда чизеро...
«Лошахўр!» – боз ишора кард сўйи вазир Боҳуй ва нағма кард:
«Кишк! Мурғи бадният, кишк!» – Ба Ох рў овард: «Ин паррандайи шум хоб мебинад, ки дар куҷое лоша хобида, он ҷо бол мезанад...
Кишкэ, шуми сархўр!»
Ох тоқат карда натавонист, як лагат зад мойиндарро. Ў калавиду хандид ва сина сўйи осмон дўшид: «Ту писари ман-ку, чаро лагат занӣ? Худованд намебахшад туро, ман низ...»
Вазир Боҳуй эътибор надод ба гуфтору рафтори шоҳзани ақлбохта. Бидошт аз бозуйи Оху кашид ҷониби хеш ва оҳанги гурез кард. Ох зуд пай бурд қасди ўро ва гом тез кард... Дур рафтанд, вале дар гўшашон садойи хандайи мойиндари суғдӣ буд...
БаНди ЧАҲОРУМ
Чанд муддат гузашт, Ох шоҳ Ардашери II-ро беташвиш дид, чунон ки Нўшин ва тифлони мурда фарзандони ў набуда. Шоҳзода аз бепарвойийи падар рўҳ гирифт ва бипардохт ба нағмаҳойи хеш.
Ба ў намуд, ки роҳи фарох кушода шуд ва набояд аз чизе бим кунад. Шоҳзодаро пушти лаб хати сабз дамида ва дар ин муддат зиёд ҷойҳоро дида, ба шикоргоҳҳо рафта, дар кўҳу даман буда, шаҳрҳойи бузургро тамошо карда, вале писандидатар аз Кўшки Гардон ҷое набуда. Ба назари Ох: чӣ равад ба Миср, ки биҳишт ин ҷост...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо