Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва Ох, ки маънийи суоли ўро намедонист, сар андохт, ки беҳтарин пирўзӣ сабру бардошт аст. Сар андохт, то аз падар чӣ пеш ояд.
— Дар ҳузури хоҷасарой ваъда дода будӣ маро!
Дили Ох ларзид. Зеро Боҳуйро ном бурдани шоҳ фоли нек набуд. Мазмун, ҳамаро бозгуфта вазир. Шишайи сабри хешро бишкаст Ох:
— Гунаҳгорам, падар...
— Оре, ту гунаҳгор ҳастӣ, Ох! – фармуд вазир.
Ох пиндошт, ки аз сари тафсони ў як сатил оби сард рехтанд.
Вале вазири боҳуш ранги кандайи рўй, ҳоли парешон ва тани ларзони ўро дида, зуд ҷилави суханро дигар сў тофт:
— Чун шоҳи кабир ба ту бовар карданд, бояд ҳушёр мешудӣ.
Ҳоло падар пурсанд, ки «Ин кори кист?», посух дода наметавонӣ.
Намедонӣ, ки кори кист?
— Кори ман! – чун тир аз даҳонаш ҷаст, на танҳо шоҳ, балки вазир ҳам як қад парид.
— Оре, гуноҳи туст! – ислоҳ кард вазир, то баройи ба шоҳ фаҳмонидан баҳона бошад. – Чунон ки арз кардам, писари ба ҷон баробари шумо бояд ҳушёр ва бедор мебуд, шоҳам. Ҳоло ки кор аз кор гузашта, назди шумо шармсор аст, бори сангину нангинро бар дўши хеш бардоштанист. Шумо коре кунед, ки гардани ҷавониаш нашиканад.
— Ҳамин тавр, Ох?
Чун забони гирифтааш ёройи сухан надошт, ба тасдиқи ҳарфи вазир сар ҷунбонд.
— Пас, чаро гуноҳро ба гардан гирӣ?
— Зеро... зеро... баройи шумо.
— Бо нанг аст ин писари шумо, шоҳаншоҳ. Гуноҳи дигаронро бар дўши худ гирад, то шумо малўл набошед.
Ох сар андохта буд, то сухани Боҳуй тасдиқ гардад, нанги шоҳзода зиёд аст ва шоҳи кабир метавонад бо чунин валиаҳд ифтихор бикунад. Айни ҳол Ох андар зеҳни маккораш мегардонд, ки мурод аз тарафгирийи хоҷасарой чӣ бошад. Зеро ў ҳолдон аст ва беҳтар аз ў гувоҳе нест. «Ба хотири чӣ чунин ҷонибдорӣ?» Андаке абрў бардошта ба чашми вазири пуркор нигоҳ карданист, аммо метарсад аз падар, аз падари ҳушёр, ки метавонад аз як нигоҳи ноҷо ҳама сирру савдоро дарёбад.
— Чаро кори ман, гўйӣ, Ох?
Ногаҳонӣ буд пурсиши падар ва Ох, ки фикраш ба дигар чизҳо банд буд, натавонист ҷавоби мувофиқ гўяд… Вале пурсиши шоҳро такрор кардани вазир ўро ба худ овард:
— Чаро чунин гуфтӣ, Ох!?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо