Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ох менатавонист чорае андешад. Пеши чашмаш Боҳуй омада буд, намегузошт фикр кунад, илоҷе ёбад. Гўшҳояш садо доданд:
«Магузоред равад назди шоҳ, боздоред ўро...» Сар афшонд Ох, то донад, ки чист. Нигарист ба атроф. Боҳуй пайдо набуд. Ох ҳайрон, ки чаро садойи ў меояд. Шояд гўшҳояш садо дода бошанд. «Ох, бигир мурдаро... Бубар назди шоҳ!» Саҳл монда, ки Ох девона шавад, осемасар гашт, намедонист чӣ кор бикунад: «Ин вазири маккор девона кунад маро». Худро пас кашид Ох.
«— Ох! Бирав, бигир мурдаро ва бибар назди шоҳ!» Ин дафъа ҳама фаҳмиданду шуниданд садоро, аммо Ох рад кард:
— На! На! Ҳар бор мурда барам, шум мешавам назди шоҳ!
– садойи хоҷасаройро шинохта посух дод Ох ва ҳамин ки вазири маккор рух намуд, Ох биларзид, вале хешро гум накард:
— Бигузор худи моҳигир барад, хоҷасаройи бузург.
Хоҷасарой чизе нагуфт ба ҳарфи Ох ва чун шабаҳ ғайб зад.
Раъша давид ба тани Ох, ки чаро чунин шавад бо чашмонаш.
Гўё вазири маккор нест, рўҳаш пайдо мегардад, бадкориҳои ўро мебинад ва ғайб мезанад. Ҳамчунон ки дунболаш гардад, то шоҳро ахбори тоза бубарад...
Ва моҳигир ҳамроҳи ҳоҷиби пурриш майитро рўйи даст баровард ба диж. Пеш омад шоҳзани суғдӣ. Мўйҳойи парешони ў ақлбохта вонамудаш. Ў рў канда буду мў. Вале девонатар аз Мино набуд. Мино паҳлўйи ў чунон буд, ки чизеро дарку эҳсос намекунад. Девонайи худо шуда.
Ох майли гурез дошт, ки дарёфта назди шоҳ Ардашери II овардандаш. Барқосо аз сар гузаронд, ки ин роҳ бозгашт дорад ё на?
Зеро хоҷасарой Боҳуй ўро ба ҳолаш нахоҳад гузошт, бахусус баъди ҳарфи ўро рад карда майитро назди шоҳ набурданаш. Аммо андешайи ғайбӣ илқо мекардаш: «Бидаро назди падар». Дудила буд:
дарояд ё на? Зиёд андешид дар лаҳзайи танг ва тасмим гирифт, ки бидарояд. Зеро ҷойи гурез ва пойи гурез надорад, чунон ки завлона андохта бошанд.
«— Зудтар бирав!» – садойи Ҳоҷиби пурриш аз хоб бедораш кард. Ба ҳоҷиби шитобзада нигарист, чизе муайян карда натавонист ва супориши таъҷилийи пардадор аз чӣ буд, дарнаёфт. Вале зуд надаромад, мунтазир шуд, ки пардадор бозгардад, сабаби шитобкориро бозгўянд, он гоҳ даромадан ва ё надаромаданаш маълум гардад. Аммо дили беқарори ў, ки тапида то гулўй меомад, андаке нафасгираш карда бозмегашт, намегузошт таҳаммул бикунад. Бидаромад назди падар. Дар золи пазиро вазири донову маккор Боҳуй, моҳигир ва чанде аз маҳрамони дарборӣ буданд.
— Ох! Ман туро чӣ фармуда будаму чӣ шуд? – баробари аз дар ворид гаштани ў фармуд шоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо