Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Охи зираку ҳушёр назди падар эътибор дошт, вале намедонист, ки ҷойгири Ардашери II мегардад ё на? Номи баланди «Ардашери III» киро зебанда гардад?
«Дар гаҳвора, дар батни модарон, дар буни буттаву харсангҳо бояд нобуд сохт эшонро...»
Дар они воҳид ҳама бародарон аз пеши назари Ох гузаштанд.
Ҳар кадом бо табассум сўяш менигаристанд, вале баройи ў эътиборе надошт. Пардайи хун ва ҳавойи шоҳӣ ҳар якеро чун доду дад дар чашмаш меовард. Онҳо дандон гиз мекарданд сўяш, ханҷолу чангол мекашиданд, чу бўзина маъқади сурх менамуданд, ҷонибаш бод мешикастанд, туф мекарданд, масхара медоштанд ва ба имову ишора ба ҳамдитар мефаҳмониданд, ки Охро нобуд бояд сохт.
1 Ох аз Кўшки Гардони лаби рўди Арованд, ки шаҳри Экбатонро бурида мегузашт, бадар рафт. Ҷавони ҷасуру тавоно парешонҳол буд. Ба кўшк менигаристу ба атроф, то бародаронро пайдо бикунад, бо найрангу макру ҳиял ба Кўшки Гардон оварда дар манзили аввали он бинишонад, ногумон лангар бардорад, кўшк давр гардад, муназзам фурў равад ба об чун зиреҳмех ба чўб ва об аз саҳни манзил бирўбаду бубарад эшонро. Чунон бошад, ки касе чизе надида. Вале чун рўз буд, орзу амалӣ карда наметавонист Ох.
Ў даромад ба қаср; ҳараму меҳмонсарову тарабхонаро бигашт, ба ошхона гузашт, вале касе аз бародаронро пайдо накард. Ҳама рафтаанд ҷое, аз пайи коре. Бародарандари ў, ки аз зани саввуми падар буд, беақлу девона, мегашт рўйи саҳни диж ва чанд тифлони дигар андар гаҳвораҳо буданд. Дастбанду побанди чандеро кушод, духтарон буданд, кордор нашуд, яке писар буд, бардошт.
Зери ҷомааш зад чун колову бирафт сўйи Кўшки Гардон.
Садо кард тифл. Безобита гашт Ох. Пахш кард тифлро ба паҳлўйи чапи шикамаш, то гулўгир гардад. Парешон буд. Менигарист ба ҳар сў, то касе огоҳ набошад аз кирдораш. Омад ба Кўшки Гардон, бинишасту пой бар рўди Арованд гузошт. Пой зад ва оҳиста аз зери домон тифлро бар об андохт чунон ки моҳиро.
Тифлаки мисли ширмоҳӣ сапед, чунон ки ханҷар бар дилаш зада бошанд як бор «ҳиқ» гуфт ва фурў рафт зери об.
Ох дергоҳ наҷунбида пой мезад бар об, ки ҳунараш бошад.
Пасон худро ба пушт андохт. Бихуфт. Гўё бихуфт. Вале дар асл хеле беқарор буд, мисли кўдаки аввалин бор ба дуздӣ даст зада ноором буд. Чашм пўшида ва мунтазир, ки ҳолиё касе аз гўшаш дошта мебардорад, назди модари тифл Мино мебарад ва ҷинояташро рўшод мегардонад.
Касе мушт зад тахтайи фарши кўшкро. Ох наҷунбид, балки диққат дод. Гум гашту боз садо дод мушткўбӣ. Ў оҳиста сар бар-

  1. Ҳамадон.
пешина
аз 390
навбатӣ