Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

БаХши ДУВВУМ
БаНди ЯКУМ
Яке аз як саду понздаҳ писарони шоҳи Порс Ардашери II бо номи Ох (Ваҳуко) ба забони порсийи бостонӣ қиссаҳойи Куруши Кабирро мехонд, ки шоҳи кабир аввалин бор давлати бузурги Ҳахоманишиҳоро бунёд гузошт ва бо ҷангу орзуйи ҷаҳонгирӣ аз Миср то Бохтару Яксарт зери тасарруфи хеш даровард. Хешро шоҳи оламгир хонд ва аз дасти маликайи скифӣ Томириси нозанин кушта шуд. Чун Куруш ба найранг писари ўро кушт, Томирис низ бо найранги гурез, сипоҳи Курушро ба тангно кашида, ҳамаро яксара нобуд сохт. Сари Курушро бурид ва дар хуми пурхун андохту гуфт: «Инак сер шав аз хуне, ки ташнааш будӣ ва ҳеҷ гоҳ сер нашудӣ».
Валиаҳди Куруши Кабир Камбуҷа бародараш Бардия ҳокими Бохтарро, ки баройи тоҷу тахт рўзе қиём хоҳад кард, пинҳонӣ қатл кард...
Ох хоб буд, бедор шуд ва ба андеша рафт: «Барои тахту тоҷ бародарашро кушт... Ман чӣ кор кунам, ки як саду чаҳордаҳ бародар дорам...» Давоми қиссаю дудмони шоҳони мидиро нахонд, ки Камбуҷаро аз ҷанги Нубия бозпас хонда, ҳангоми бозгашт чун дар Сурия куштандаш... Ва надонист, ки баъд миёни меросхорон чӣ гуна ҷангҳо шуд, чӣ шўру исёнҳо бархост. Ва чун Доройи I ошўбҳоро фурў нишонда, муддаиёнро ба қатл расонда, давлатдорийи ҳахоманишиҳоро идома дод ва давлати Порсро тамомият бахшид.
Баройи Ох давоми қиссаву шаҷара аҳамият надошт, муҳим он буд, ки бародар баройи тахт бародарро мекушад. Андар сару замири Ох як саду чаҳордаҳ бародар намеғунҷид. Гумонаш ҳама вазн андохтаанд ва ў сар бардошта наметавонад. Пиндошт, ки баъди сари падар Ардашери II замини Порс ва Бохтару Миср баройи эшон як хиттагӣ мерасад, ки киройи давлатдорӣ намекунад. «Ҷанг байни як саду чаҳордаҳ бародарон» аз дил гузаронд ў ва ин фикр аз сараш дур намешуд: «Киро насиб кунад давлати бузурги Ҳахоманишиҳо?».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо