Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Устод дар шигифт бимонд назди сарбоз, ки чаро пардадор ҷилави суханро ин сў гардонд. «Гумон дорад, ки бо малика дар муносибатам?»
— Ташаккур аз шумо... Дар бозгашт хабаратон медиҳам, ки малика чӣ хосту чӣ фармуд.
Пардадори пурдидаву маккор сар афшонд ва табассум кард Устодро низ пурҳиял пиндошта. Пасон дари вазнини диж сўйи хеш кашид:
— Бифармоед!
Устод ин бор лаб ба миннатдорӣ накушод, балки ба ишорайи сар ифода кард миннатдорийи хешро ва гом бардошт сари остона...
Андар толори пазиро касе набуд. Устод ворид гашт ба толор ва миёни сақфу фарш сокит монд, ки чаро касе ўро пазиро нест ва шояд бозие бошад кирдори эшон, зеро шоҳи ҷавон ранҷида аз ў, ки пешниҳодашро напазируфт. Ва агар имрўз ҳам сухан аз ҷанги Порс равад, намедонад чӣ посух бигўяд. Арастуйи пурдон, ки дар ҳар ҳолат чӣ гуфтану чӣ карданашро медонист, ҳоло ҳайрат дошт ва дида мечаронд ба толору тахту тахта, курсиҳойи кунгурадор, ки шояд ба ин наздикиҳо аз Юнон оварда бошанд; зеро Мақдуниё ҳанўз иқтидори сохтани чунин курсиҳоро надорад. Арасту пештар ҳам ба ин толор ворид гашта, аммо чунин маснаду тахту курсиҳоро надида буд, балки курсиҳойи аз замони Искандари аввал монда ҳақирона метофт ва салавоти тахту толори шоҳиро надошт. Файлақуси II қаноат мекард ба чунин афзори даргоҳ, аммо шоҳи ҷавон ё модари ўро хуш наомада буд ашёйи боргоҳ.
Ҳанўз ҳам тахту сандалийи мурассаъ муҳайё набуд, чунон ки тахту маснади шоҳони Порс ҳаст.
Арасту, ки рўй сўйи маснад дошт, ларзиши пардайи дарро надид. Ҳамин ки садойи нозуки малика баромад, вазнин гардан тофта нигарист ба дар.
— Хуш омаданд, Устоди кабир!
Олимпиадайи мавзунқоматро дид, ки на чун модари шоҳ босалобат, балки наҳифу нозук чун духтарони навболиға. Устод ўро на чун дўшиза, балки чун зани бофаҳму фаросат ва хуштарбия эҳтиром дошт, аз ин рў баргашту сўйи ў таъзим кард. Олимпиада баройи он ки Устод заҳмат кашида сўйи ў гом наниҳад, доманкашон назди марди ботамкин омад. Ба Устод намуд, ки домони кашоли ў рўйи мафраши ҳамвор мелағзад. Пироҳани хафабанд гўйӣ чу пўст бар бадани зебояш таранг кашида, дилкаштар нишон медод бонуро. Устод пиндошт, ки шоҳбону махсус хешро ороста омада назди ў. Вале чун дар сар ҳавою ҳавас надошт, даст бар сари сина гузошта шарқиёна таъзим кард. Хуш омад шоҳбонуро ва чунин кард низ ва табассум андар лабонаш шукуфт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо