Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Ба шумо раво... дигар кас мебуд, баройи чунин ҳарфҳо ба рави дарвоза мекашидам, то баройи дигарон ибрат бошад...
— Миннатдор, лутфи зиёд кардед...
Устод, ки раҳу роҳрав ва пайроҳайи ҳараму тарабхонаву тахту ҷойҳоро хуб намедонист, мебурдандаш. Ў назди Олимпиада рафтан мехост, сўйи шоҳ Искандар мебурдандаш. Арасту яқин мекард, ки ўро назди малика намебаранд, аз ин рў пурсид:
— Куҷо баредам?
— Назди шогирдатон.
— На, ў шогирди ман нест, ў шоҳ аст дигар! Маро назди Олимпиада бубаред!
— Олимпиада он ҷост. Ў аз писараш даме ҷудойӣ надорад...
– фармуд сарпос, ки ўро ба дасти адаб назди шоҳ бурдан мехост ва сарбози сабуксар мерафт дунболи эшон.
Арасту пойи рафт боздошт ва нигарист ба пардадор, каме ҳайратзада вонамуд кард хешро ва пурсон шуд:
— Малика аз писар ҷудойӣ надорад, гуфтед?
— Бале...
— Магар шоҳи ҷавон маликаро ҳамроҳи хеш ба ҷанги Порс барад?
— Ман аз ин савдо огоҳӣ надорам, донишманди мўҳтарам...
агар ин андеша дуруст аст, шояд шуморо низ ҳамроҳи худ бубарад...
Арасту чӣ посух доданро надонист, балки андешид, ки шояд сарпос аз сирру савдойи шоҳи ҷавон огоҳ бошад, зеро ҳоҷиби пурдону пухтакор дар тўли таърихи кўтоҳи Мақдуниё сирри шоҳони гузаштаву имрўза, сирру пиёзи маликаҳо, шоҳдухтарон, шоҳзодаҳо ва алалхусус Олимпиадайи боназокатро медонист, аз ин рў ишораву кинояҳойи ўро бодиққат бояд андешаву мулоҳиза кунад. Ҳоҷиби якчашма то остони боргоҳ раҳнамойӣ кард, он ҷо бозистод ва рў ба Арасту овард. Хомўш буд, ки шояд донишманди ботамкин чизе гўяд ё пурсон шавад. Вале Арасту ба чашми латтаи сиёҳ бастайи ў нигарист ва мулоҳиза кард, ки андаруни чашми фурўрафтайи ў, зери пардаи сиёҳ чӣ асроре нуҳуфта, ки ҷуз пардадори пир касе огоҳ набошад аз он.
Ҳоҷиби пир низ бо як чашми бинойи уқобонааш сару рўй, нигоҳ, ҳаракот ва чину гиреҳи байни абрўйи Устодро мушоҳида мекард ва рамуз мегирифт аз ҳар чиз, ҳамчунон таҳлил мекард андар зеҳни хеш ва дарёфтанӣ буд, ки донишманди бузург чӣ мехоҳад.
— Олимпиада ба шумо эҳтироми зиёд дорад, – фармуд пардадор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо