Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шарифа ба қадди яккамех шорида фаромад ва пушт такя дода нишаст. Моҳбӣ ҳам аз беҳолӣ ба танаи тут тахтапушт гузошта, пойҳои осўхтаашро дароз кард ва оҳи пуралам кашид.
Шарифа аламу азоби рўҳии ўро пай бурд. Медонад, ки Моҳбӣ аз ин ҳарфи тўҳматбор азоб мекашад, вале ин чизро ба мардум исбот карда нашавад. Худкушӣ кунӣ, онҳо ба таври худ шарҳ медиҳанд... «Як гап будаст, ки чунин кард, вагарна гуноҳи худкўширо медонист» мегўянд. Онҳо ҳамчу ду тани нимҷон, ки ба ҳам намерасида бошанд, ба якдигар бо ҳасрат нигаристанду чизе нагуфтанд; донанд, ки чунин кор набуд, аммо забон надоштанд, то гўянд. Аз нигоҳи ҳамдигар ба назар маънӣ кашиданд: «Ин дунё чунин як дунё!»
— Худоё Худовандо, аз тўҳмати ногаҳону балои охирзамон нигаҳ дор! – рў ба Мазор даст ба дуо бардошт Моҳбӣ.
Дуои ў пеши назараш Балоро овард; Балои охирзамонро...
«Наход замона охир шавад? Ё Балоҳо замонаро охир кунанд...
Занаки фолбин дуруст гуфтааст...»
— Шарифабону, мегўянд, ки аҳволи Бало бад, рў ба он ҷониб дорад.
— Худо барои чунин ҳол маро ҷазо медода бошад?
Моҳбӣ ҷавоб надод. Вонамуд кард, ки саволи ўро нашунид; Дар асл аз дил гузаронд, ки ҳама гапу калочаҳо – ҷазост. Аммо ҷавоби худи Шарифа кори ўро осон гардонд:
— Ҳа-а-а, Худо ҷазои маро пеш аз гуноҳам дода буд... – қисмати шавҳару писарро дар назар дошта гуфт ў.
— Гуноҳҳое ҳастанд, ки ба ҷои савоб гузаранд... Лекин дар зиндагӣ бештар бегуноҳон азоб кашанд... Ман ба кӣ бадӣ кардам, Шарифабону?
— Гуноҳи шумо ин аст, ки некӣ мекунед... Момои ҳама ҷавонону кўдакон ҳастед. Гуноҳатон ин ки занони зоро аз марг наҷот медиҳед, баччаҳои каҷ омадаро рост карда мегиред... ва шояд он вақт ба гўши кўдак ягон чиз ҳам гўед?
— Қу-қу! – мегуфтагистам-дия!
Ин ҳарф барои ханда буд, аммо ноҷо буд. Зеро дар дил намегунҷид. Дар дили танги Шарифа ҳам, дар дили ғамзадаи Моҳбӣ ҳам. Аммо чунин ҳарфҳо Моҳбиро касб шуда буд: ё ҳарфи шўх мегуфт, ё қаринаву матал, ё хабари тоза меовард ва худро гирифтор мекард; дигаронро андармон медошт... Баъдтар дар назари мардум девонаавзоъ тофт. Мардҳои даҳонбефаровез ўро девона дониста, пиндоштанд, ки ҳар чӣ гўянд, бедудилагӣ розӣ шавад.
...Ва Моҳбиву Шарифа рў ба рў нишаста, маҷоли сухан надоранд, вале дар дилу сар андеша доранд, ки чунин зиндагӣ ба чӣ лозим? Кас як рўзи Худо набинад: дар ширхорагӣ синаи модар газӣ, пой, ки баровардӣ, кафи поят пуробила шавад, дастат, ки ба ягон ҷо расид, кўтоҳ кунанд:

пешина
аз 421
навбатӣ