Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Хобу хўр надорад ў. Андеша ва яқин кунад, ки бар рўзгори одамхор зафар наёбад, баракс, қозӣ бо ҳама кирдораш – нобаробариаш, беадолатиаш, ноҳақиаш суллуквор ўро макад... Беҳ аст, ки вақти андаке ҷон доштан худро нобуд созад....Қисмати занони номуродро ёд овард ва гирдоби зери пули калони Дупуларо. Чашм пўшиду оби сард ба танаш расид, баданаш раъша кард: «Ҳаром мурдан хуб нест».
Пасон андешид, ки одамон баъди сараш ҳам носазо гўянд, хубаш зиндагиро дигаргуна созад; зиндаву мурдаи ў ба дигарон монанд набошад. Аввал миёни мардум ба ҷасурӣ ном баровард. Ин овоза аз музофот берун рафт... аммо бадномии ўву қозӣ шасташро гардонд...
Ў китф аз яккамех гирифт. Як бор гирди ў давр гашт. Саворӣ хумор кард. Сар боло дошта, ҳаворо бўй кашид. Аммо надонист, ки барои чӣ ин корро кард. Ин рафтори одамиёна не, балки ҳайвонҳо чунин кунанд. Ў дасти чап ба яккамех ҳалқа гардонда, гирд гашт, то монда шудан гашт... Хамир накард, ҷурғот нахобонд, хона нарўфт, бо чунин кор машғул шуд. Баъд ба худ омада дарёфт, ки девона чунин кунад ё маст. «Дашт нарафтед-а? Ҳезум наовардеда? Зимистон, ки даромад, поятонро таги дег монда месўзам? Ҳеҷ аз Саманд хабар гирифтед? О шумо ландаҳурҳо... Саманд маро бадном карда бошад, боке не. Аз вай бадӣ намебарояд... Аз одамон эҳтиёт шавед, аз одамон!.. Сангин! Ин ҷо биё! Ту ваъда дода будӣ, ки касби падарро ёд мегирӣ, чӣ шуд? Арраву теша занг зад...
Гапгардонӣ ҳам мекунӣ-а? Ман иҷозат надодам? Чӣ хел иҷозат?
Барои потеша задан ҳам иҷозат лозим? Ҳунар надорӣ? Усто нестӣ?
Усто усто не, афзор – усто. Афзор ҳаст, устоӣ осон: зеҳн ва меҳр лозим. Потешаро бароварда, синҷ ё болор тарош, ман ба шавқ тамошо кунам... Фақат даст месовию лаб мегазӣ, сар меафшониву афсўс мехўрӣ... Чӣ, афсўс мехўрӣ, ки Худо туро духтар наофарид?
Ман бояд чунин афсўс хўрам, ки Худо маро мард наофарид...» Ба ёд меовард Шарифа ва гирди яккамех мегашт...
— Шарифабону, худатонро хунук мекунед?
Садо омад ва ин ҳарфи ноҷо ба Шарифа сахт расид. Ў бознаистод, ба сухани Моҳбӣ ҷавоб ҳам надод, гаштан гирифт. Як назар дид, ки пиразан чархак намересад, остини саргирак тори сараш нест, балки холӣ, паҳлўи китфи чапаш кашол аст. Гирифта метобад. Сип-сиёҳ, дамаш ба дарун зада.
— Шарифабону, ё шумо муред ё ман!
Худ аз худ пойҳои Шарифа бозистоданд ва ба ҷои салому алейк чунин сурат гирифтани ҳол ўро ҳайрон кард.
— Ман мурам, беҳтар, шумо ҳоло ба мардум қаринаҳо мегўед!
– барои таги гапро фаҳмидан чунин фармуд Шарифа.
— Аз сарам монад қарина, ба сарам об рехт қарина! Гўё ман миёнҷӣ шуда, шумову қозиро алоқа кунонидаам...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо