Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шарифа: – Пас чиро нигаронед? Фармоед, сангсор кунанд!
Қозӣ: – Вақташ мерасад...
Мирзо:– Нависам?
Қозӣ: – Не! (Ба Шарифа) Бигўй, ки аспи кӣ буд?
Шарифа: – Нафаҳмидам.
Қозӣ: – Аспдузд кӣ буд? Ва чаро аспи туро дуздида ин корро кард?
Шарифа: – Ман ҳеҷ гуна аспдуздро надидаам... Ҳама корро ман кардам.
Қозӣ: – Чӣ хел?!
Шарифа: – Чунин! Агар ин корро ман накунам, каси дигар накунад.
Қоз ӣ: – Масхарабозӣ накун! Ҳар кӣ ин корро карда бошад, бигўй...
Шарифа: – Ман кардам!
Қозӣ: – Шўхӣ накун, мардак дами марг аст.
Шарифа: – Албатта аз мурдани амин қозӣ андўҳгин бояд шаванд...
Қозӣ: – Забони туро аз паси сарат кашидан лозим... Бо чунин берўйӣ зане надидаам дар ин мулк.
Шарифа: – Ҳо, сухан дуруст бигўйӣ, берўй шавӣ, рост гўйӣ, бовар накунанд... Пас сар ба девори адлия бояд зад ё ба сутуни қозихона? Чаро бовар накунед, ки он асптоз ман будам? Магар зан натавонад хун ситонад? Қасос гирад? Асп савор шавад? Шамшер занад?
Қозӣ: – Аз дасти ту ҳар кор ояд.
Шарифа: – Имон овардед?
Қозӣ ба сухани ў гўш надода, сўйи дар ангушта зад ва ду тани барои Шарифа шинос ба дар ҳозир шуданд.
Қозӣ: – (Ба онҳо) Шумо он рўз дидед, ки ин зан Абўзуҳурро буз кашид?
Шиноси 1: – Не, вай мард буд!
Шиноси 2: – Мард буд!
Шарифа: – Номард набуд, мард буд. Ҳамон мард ман будам, фисинҳо!
Қозӣ қалам ба обгина зад. Қозихона хомўш гашт. Қозӣ боз сўи дар ангушта зад. Норӣ даромад.
Қозӣ: – Ту наздиктар будӣ, духтар, тозанда ҳамин буд?
Норӣ: – (Шарифаро саропо нигоҳ карда) Не!
Шарифа: – Чӣ хел не? Ман будам-ку?! Падаратро пеши поят андохтам-ку?
Норӣ: – Не, вай мард буд.
Шарифа: – Рост мегўӣ, мард буд...
Қозӣ: – Эй зани нодон! Дар назди қонун гуноҳи марду аврат якест. Иҷрояш дигар: мардонро ба дор кашанд, занонро ба думи асп банданд ё сангсор кунанд...

пешина
аз 421
навбатӣ