Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Чунин ҳолро дида, онҳое, ки дар даштҳо кор мекарданд, белу каланд сари марзаҳо монда, ин ҷониб тохтанд. Норӣ намедонист, ки худро ба куҷо занад; бештар аз либоси ўбадаву ажғо-ажғо изо кашид ва хост зудтар равад.
— Ма, бипўш! – аз рафтору безобитагии ҷавонзан рамуз гирифта, ҷома аз тан кашида, ба ў дароз кард марди ношинос.
Норӣ чизе нагуфта ҷаҳида хест ва аз дасти писар гирифта, ҷониби Боғи Гарон тохт...
Занаки капа-калон Шарифа синнаш ба панҷоҳ дакка хўраду кўдакона нохун хояд; газаду туф кунад, канаду туф кунад, ба ҳадде ки бехи нохунонаш озурдаву хуншор шудаанд. Либосҳои муқаррарии занона дар бараш: куртаву поҷомаи сиёҳ, рўймоли докаи сафед, кавши кўҳна... лекин беқарор. Ба хона дарояд, ба ошхона ва ба оғилу каҳдон; хокистари танўр гирад, ҳезум гузорад; суфра боз кунаду пўшад; дег бар ошдон ниҳаду гирад; шинаду хезад; боғ раваду ояд; ба гову гўсола об диҳаду алаф; ҷорўб ба даст гираду партояд, боз гираду поруи гирди яккамехро тўда кунад... ва гўшбақимор, ки кай дарвоза садо карда, кушода шавад.
Агар дарвоза кушода шавад, ё писарон оянд ва ё омада ўро дасту пой баста, зада-зада баранд. Ё аввал Саманду саворашро пурсон шуда, дарак аз он роҳзан ёбанд ва ҳоҷат ба кофтукоб намонда, ўро бурда ба шиканҷа кашанд, бозпурс кунанд... Қозӣ ин дафъа гузашт накунад, балки барои хуни амини деҳаро гирифтан сари чандин касро хўрад; занак аз сари худ натарсад, писаронашро гум кардан нахоҳад. Моргазида аст ў. «Ман кардам! Ба писаронам нарасед!» сухан тайёр кунад ў, донад, ки рўзе чунин пурсу посух шавад: «Маро парронед! Сангсор кунед! Ба думи асп бандед! Дор кашед! Писарон гуноҳ надоранд!.. Ой! Ой! Шумо чаро барои як хоин, ватанфурўш, бегонапарвар писарони ватанро азоб медиҳед?!
Аз марзи худ берун нарафтаанд, ба хоки ғайр пой наниҳодаанд, ба сари бечорае зулм накардаанд! Чаро баред онҳоро?! Инҳо писарони мананд! Ман шири пок додаам, нони ҳалол додаам!.. Ҷазои Бало чунин буд! Ў бояд ба хуни хеш оғишта, бимирад... Писарони маро раҳо кунед! Маро баред! Ман куштам ўро!!!»
...Вале ўро дасту пой набаста бурданд; ба дори қазо бурданд.
Боз қозӣ дастори гарон дар сар дар меҳмонҳонаи пеш мурофиа сохт:
Қозӣ: – Шарифа бинти Мубин, нашудааст, ки мо як танро ду бор ба дор-ул-қазо кашида бошем... Дафъаи гузашта гуноҳатро рад кардӣ. Ин дафъа чӣ гўӣ?
Шарифа: – Дафъаи гузашта он чӣ буд, гуфтам, шумо бовар накардед. Ҳоло ҳамон чизро такрор хоҳам кард.
Қозӣ: – Ҳаққи ту раҷм аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо