Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ҳамраҳони Зуҳур ҳайрон буданд аз ҷасорати зан. Ҳама хомўш монданд; хомўшӣ буд дар мазор, дар музофот. Ва маслиҳати кўдаконаи Сангин хомўширо шикаст.
— Мон барад, оча, боз мегирем.
— Чӣ гуна?
— Осон: худи Саманд гурехта меояд... ё Зуҳурро аз сари зин парронда мекушад.
Ба гўши Зуҳур расид ин сўҳбати паст, вале мисли таркиш расид ба гўшу сараш. Беқарор шуд. Ба Сангин нигарист, ба набера нигарист, ба Моҳбӣ, ки ба назараш алмастисурат метофт; ба ҳамраҳонаш, ба ҳама нигаристу ба Саманд. Дасту пой ва рагу паяш суст шуд. Боз нерўе ўро бардор дод, ғазабашро фурў дошта натавонист:
— Аз куҷо медонӣ, сагбачча?!
Онҳое, ки аз сўҳбати модару писар огоҳ набуданд, ҳайрон ба Зуҳур нигаштанд, то сабаби моҷаро донанд.
Сангин чу санги вазнин ба модар шафат меистод, мижа намезад, лом намегуфт, ба назар нафас ҳам намекашид.
— Аз куҷо медонӣ, харбачча?
Сангин ҳайратзада буд. Ҷўра паҳлўи ў омад:
— Дамата гир, нархар! – калтаки дасти Сангинро гирифтанӣ шуд Ҷўра, ў надод. Шарифа карахт буд, чизе андешида наметавонист; беҳуш, беёд, бехотир менамуд.
— Аз ту мепурсам, сагбачча! Кӣ гуфт, ки маро ин ҳайвон паронда мекушад?
— Азизон! – ишора ба мазор карда гуфт ў. Модар ларзид.
Зуҳур суст шуд. Моҳбӣ пеш омад:
— Амини деҳа, ту медонӣ, ки ин бачча авлиёӣ ҳам дорад...
— Авлиё бошад, гўяд, ки ту кай мемурӣ?
— Инро кайҳо гуфтааст: даҳ сол баъди фавти ту...– ҳайрату хомўшии Зуҳурро дида суханашро идома дод Моҳбӣ: – Аз умри ту рўзҳои башумор монда, лекин ман боз даҳ соли дигар азоб мекашам, рўи ҳароми ту баринҳоро мебинам... албатта аз чунин зиндагӣ мурдан беҳ... – Моҳбӣ ором ҳарф мезад, Зуҳур дандон ба дандон монда, чӣ гуфтанро намедонист. – Аминбой (чунин номид кампир), ин бачча рост мегўяд: париҳои ман ҳам гуфтанд, ки Зуҳур ба хуни хеш ҷўлида мемурад: гуноҳи духтараш мегирад ўро, гуноҳи наберааш мегирад ўро; арвоҳи усто Қодир мезанад ўро! Ба хубӣ аз даргоҳ баро, вагарна потеша мехўрӣ. Париён гуфтанд, ки ана ҳамин Сангин бо потешаи усто Қодир ба фарқи сари Зуҳур зада мекушад...
— Э, зори туву зори париҳота...
Ва Моҳбӣ ба дашноми ў эътибор надода, рўй ба осмон оварда, чунон уллос кашид, ки ба тани Зуҳур раъша давид: «Ҳу-у-у... Ҳуууу! Ҳу-ҳу-ҳу-ууу!» ва даст сўйи осмон бурда ба ишораи «биё-биё»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо