Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Тамошогари хуб аст ин Худои таъоло, аз ин рў инсонҳоро ин қадар ба бузбозӣ меандозад... Ҳа, Саманд, ў ҳам донад, ки мардум беҳангома зиста натавонанд, зиқ шаванд; бояд бо чизе машғул бошанд... барои машғулӣ кори сабук хубтар аст – на ақл лозиму на сарват, бозуи қавӣ, даҳони бефаровез, мушти дароз бошад, мешавад... Медонӣ, инак чӣ мешавад, Саманд? Туро ба ивази ин ҳароммурда мебаранд, ба сарат нўхта меандозанд, ба сағриву гардану думғозаат тозиёна мезананд, он гоҳ қадри моро медонӣ. Ба саворӣ сар мефаровардӣ, башкон гирифта ягон сў мебурданд, аз ҷабри амин халос мехўрдӣ. Ҳоло ту дониву амалат, ман маслиҳат дода натавонам... Ту ҳоло аз гирудор ва кирдукори ҷаҳон огоҳ наӣ: агар аспи ў туро мекушт, масъала ранги дигар мегирифт: «кори ҳайвони беақл» мегуфтанд... Ту, ки аспи ўро куштаӣ, «аз рўи ақл» куштаӣ, ранги масъала дигар мешавад.
Ту ақл дорӣ, Саманд, ин кор ақлона шудааст. Чӣ хел кардӣ-а?
Ақлам намегирад. Ман ҳам чунин карда тавонам? Зўрам расад?
Аз зери манаҳаш газида, нафасгардон карда, кушта тавонам? Аз куҷо ёбам Бурҳонро? Кишна мекунӣ, чӣ гуфтанӣ ҳастӣ? Кӣ? Ҳамин?
Ҳамин кўдакча? Не, ин бобояшро кушта натавонад...
Саманд сайҳа кашид, кишна кард ва ба роҳи мазор нигарист.
Онҳо низ нигоҳ карданд. Чанд сар аз девор баланд мешуду паст.
Зуҳур пеш-пеш ва чанд тан аз пас омаданд. Шарифа гумон кард, ки дасту по карда маслухро аз ҳавлии ў бардошта мебаранд. Вале онҳо ба маслух нигоҳ накарда, аз нав ҳама ҷоро кофта, ҳама чизро такўрў карданд – маълум набуд, ки Нориро меҷўянд ё дунёӣ. Чизе наёфтанд... Пуштангу банди аспро кушоданд; зинашро канданд.
Саиси Зуҳур хост Самандро зин занад. Саманд гардан тофта саисро газид. Саис фиғон бардошта канор рафт. Зуҳур тозон омада ба сари Саманд тозиёна зад. Саманд чароғпоя гашт ва пой бар сари ў ниҳодан хост, аммо сумҳояш пуршаст ба замин бархўрда, ғазабаш афзуд; ҷуфтак зад Саманд, лагад андохт... Ёдгори хурдсол лаби марза завқ мебурд, механдид, садо бароварда шодмонӣ кард, ки ба бобо нафорид: «Сархўр!» сўи набера дандон зиҳ занонд Зуҳур, писарак ҳарфи ўро ба таври худ қабул карда, боз хандид ва баъди сиёсат кардани бобо пай бурд, ки ишораҳои Зуҳур чӣ маънӣ дорад: «Дамата гир! Ҳайвон!»
Ва Шарифа тоқат карда натавонист. Калтаки зери айвон гузоштаи Ҷўраро бардошта ба сари Зуҳур тохт:
— Чанд пулат сўхтааст ба Саманд?
— Сўхтааст, насўхтааст, товон мегирам!
— Товон мегирӣ? Аз ҷанги ҳайвонҳо товон мегирӣ? Ман товони усто Қодирро аз кӣ гирам?
— Аз Худо!
— Ту ҳам аз Худо бигир!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо