Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Не, мулло, на ину на он. Дар зиндагиам ду шахси мўътабар дидаам: бобои Наврўз ва Нақибхони Туғрал... Мегўянд, ки ба касони мўътабар имон оварӣ, дил пайрави эшон гардад.
— Ҳм, – тамасхуромез хандид Зуҳур,– эшон чӣ эътибор доштаанд? Имоманд, шайханд, саиданд, киянд, чиянд?
— Инсонанд... Дунёбохабаранд... Бобои Наврўз гузаштанд.
Нақибхони Туғрал ҳар гоҳ, ки ба Самарқанд рафта оянд, хабари тоза меоранд аз аҳволи амири Бухору Оқпошшо... Он чӣ ба шумо гуфтам, аз гуфтаҳои эшон бармеояд.
— Яъне, зиндагӣ бар об аст ва шумо барои ман рўи об иморат месозед?
— Ин ҳарф танҳо барои шумо не, барои ҳама... Ману шумо хокӣ ҳастем...
— Бояд обӣ шавем?
— Бад намешавад, зеро обиён покизатар ҳастанд аз хо киён.
— Магар мо олудаем?
— Ғайри ихтиёр олуда шавем... барои нафс, барои эътибор, барои мартаба...
— Усто, метавонед, тешаву потешаатонро бардошта равед.
— Чӣ аҷаб, – афзор аз миёни синҷу болорҳои тарошида ғундошта гуфт усто.
— Ман иморат созонданӣ будам, усто, на киштӣ.
— Хуб буд, агар киштӣ месохтем... Агар дунёро об пахш кунад, танҳо киштӣ рўи об монад.
— Ва он киштӣ ба кӣ лозим?
— Ба касоне, ки танҳо ғами хештанро хўранд.
Зуҳур ба андеша рафт. Усто омадани Бурҳонро дида, фармуд:
— Биё, потешаро бардор!
— Вазнин шавед, усто,– бархоста гуфт Зуҳур.– Ман аз барои ун худозада бо шумо чунин рафтор кардам. Фарзанд душмани ширин... вале ман чунин душмани талхро ёд надорам. Кошкӣ инҳо зиёд бошанд; ду тан; ҳамин ду тан ҳам... Шумо хафа нашавед, усто... Вай махлуқаш ин хел; оҷизааш – якка. Барои ҳамин ба мо домоде лозим, ки ҳамроҳамон зиндагӣ кунад.
Усто халтаи афзор сари китф партофт ва арраи калони дукаш ба дасти чап дандонболо гирифта, гўё ки ҳарфи Зуҳурро нашунида бошад, ба писар ишора кард, то аз зери дарахт потешаро низ бигирад.
— Мардум чӣ гўянд, усто?
— Мардум чӣ мегўянд? – бозистода ва гардан каҷ карда пурсид усто...– Мегўянд, ки савдошон напухт. Мулло Зуҳур сахтӣ кард, усто иморатро нимкора партофта рафт.– Ва боз ба роҳаш равон шуд.
— Пушаймон мешавед, усто.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё